Директори ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода бар ин назар аст, ки билетҳои ҳавопаймоӣ ба парвозҳои чартерӣ начандон гаронанд.
Зимни нишасти матбуотии имрӯза ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки агар ширкатҳои ҳавопаймоӣ хатсайрҳои чартериро аз як самт анҷом диҳанд, нархи билет ва хизматрасониҳо ҳатман 40% боло мераванд.
“Агар нархи миёнаи билетҳоро ҳисоб кунем ва бо назардошти пешниҳоди тахфиф барои мусофирон синни то 12-сола, ба фикрам, биетҳо ба парвозҳои чартерии мо начандон қиматанд”, - гуфт Исматуллозода.
Арзиши билетҳо ба хатсайрҳои чартерии Маскав-Душанбе аз 300 (бо мусофирон аз ду самт) то 500 долларро ташкил медиҳад.
Субҳон Икромзода, роҳбари департаменти авиатсияи гражданӣ ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” доир ба масъалаи мазкур посух дод, ки ҳар сол пеш аз оғози парвозҳо дар мавсими нав ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ мувофиқи талаботи созишномаҳои имзошуда вохӯрда, дар доираи хароҷот ва муайян кардани даромади ширкатҳо нархи билетҳоро муайян мекунанд.
“Дар парвозҳои чартерӣ ба хароҷот аз 40% илова мешавад. Яъне, дар ин ҳолат ҳамаи хароҷот, аз ҷумла барои сӯзишворӣ, аэронавигатсия, хизматрасонии фурудгоҳ ва ғайраро ҳар кадоме аз ширкатҳо бояд ҳисоб кунанд ва мувофиқи нархгузорӣ, ширкатҳо бо иловаи фоидаи муайян барои фаъолияти минбаъда нархи билетро муқаррар мекунанд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 27 июл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳукумати Русия аз имрӯз ба иҷрои ду парвоз аз Русия ба Тоҷикистон дар як рӯз иҷоза додааст, яъне дар як ҳафта ба ивази 10 парвози пешина 14 парвоз анҷом дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон аз 25 июн ба баровардани шаҳрвандони худ аз хориҷи кишвар оғоз кард. Мусофирон аз гаронии билет ба ин парвозҳо шикоят карда мегӯянд, ки бо ин нарх тавони харидани онро надоранд.
Қаблан замони алоқаи ҳавоии мунтазам арзиши миёнаи билетҳои ҳавопаймоӣ аз Русия аз 14 то 20 ҳазор рубли русиро ташкил медод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.