Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи фурӯшҳои худро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Ин бор дар Бохтар аввалин толоре ифтитоҳ ёфт, ки бо сабки нави экологӣ – бо дизайни зебо ва замонавӣ оро дода шудааст. Ин ба Оператор на танҳо имкон медиҳад, ки ба якчанд ҳазор нафар мизоҷон зиёдтар хизмат расонад, балки инчунин табъи онҳоро бо фазои гуворо хуш намояд.

“Ба ифтитоҳи толорҳои экологӣ МегаФон Тоҷикистон дар охири соли гузашта оғоз намуда буд, лекин ҳоло ин намуд толорҳо танҳо дар якчанд шаҳрҳо фаъолият мекунанд. Бохтар баъди шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор сеюмин минтақае мебошад, ки дар он толори экологӣ кушода шудааст. Ин як шакли нави кор бо муштариён маҳсуб меёбад, ки зимни он табъи болида аз лаҳзаҳои нахустин таъмин мегардад. Ба ғайр аз ин, ҳангоми ороишдиҳӣ маводҳои бехатар ба кор бурда шуда, ин амал инъикосгари сиёсати пешгирифтаи мо дар самти муносибати ғамхорона нисбати мизоҷон ва табиати ватани азиз ба ҳисоб меравад” – қайд намуд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

Эко-толорҳо инчунин дар муқоиса бо толорҳои қаблӣ бо масоҳати калони худ фарқ мекунанд. Акнун дар идораҳои оператор метавон истроҳат карда, ва дар баробари ин, ба хизматрасонии сатҳи “пойтахт” дастрасӣ пайдо кард: мушовирони МегаФон дар ҳалли дилхоҳ масъалаҳо, аз пайвастшавӣ ба шабака ва ивази SIM-корт то танзимкунии гаҷетҳои мобилӣ кӯмак хоҳанд кард. 

Эко-толори нав муштариёни ширкатро дар кӯчаи Мирзоқодиров назди бозори марказии “Фаровон” интизор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.