Сардухтури Диспансери бемориҳои саратон (онкология)-и вилояти Суғд 9 сентябр дар синни 47-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ҳоҳараш Марям Мансурова дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар додааст.

Марги Фурқат Мансуровро дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд тасдиқ карда, лекин сабаби фавтиданашро нагуфтанд.

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ аз ифшои сабаби марги табиб худдорӣ варзида, аз идораи хабаргузорӣ пешниҳоди дархости расмиро талаб карданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе маълумот, Мансуров ҳафтае пеш аз беморхонаи вилоятӣ, ки дар он ҷо аз коронавирус муолиҷа мегирифт, рухсатӣ шудааст.

Фурқат Мансуров
Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Фурқат Мансуров Маркази бемориҳои саратони вилояти Суғдро роҳбарӣ намуда, аввалин бор дар ин марказ шуъбаи муолиҷа бо шуоъ (нур)-ро боз кард.

Замони пандемия дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва барои муқовимат бо COVID-19 тавсияҳо медод.

Моҳи май ӯ муроҷиати видеоӣ нашр карда, хабар дод, ки беморхонаҳо аз беморон холӣ мешаванд ва “мо бар ин беморӣ пирӯз мешавем”.

Дӯстону ҳамкорон ва беморон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамдардӣ изҳор намуда, хотираҳояшонро бо ӯ менависанд ва марги табибро “талафоти бузург ва андӯҳи беҳад зиёд” меноманд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Вазъи Хуҷанд чӣ гуна аст?

Тайи рӯзҳои ахир аз вилояти Суғд, бахусус шаҳри Хуҷанд дар бораи вазъи хеле мушкил дар шаҳр, зиёд будани беморони коронавирус маълумот мерасад.

Бино ба маълумоти дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, дар зарфи 5 рӯзи охир дар Хуҷанд се табиб қурбонии коронавирус гаштаанд.

Ду рӯз пеш, 8 сентябр духтури чашм профессор Фазлиддин Шарипов, собиқ сардухтури беморхонаи вилоятии Суғд дар хонааш аз COVID-19 даргузашт. Соли 2011 ӯ дар Хуҷанд Маркази ҷарроҳии лазерии “Карния”-ро ташкил кард.

Мувофиқи омори расмӣ, ҳамарӯза дар кишвар 30-40 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта мешавад.

Лекин ҳукумати Хуҷанд чандин маротиба аз афзоиши шумори сироятёфтагон аз коронавирус изҳори нигаронӣ карда буд.

Охири моҳи август Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз жҳтимоли сар задани мавҷи дуюми коронавирус ҳушдор дода буд.

Баъдтар зикр гардид, ки “тӯйу тарабхона ва марказҳои дилхушии шабона сарчашмаҳои сироятёбӣ аз коронавирус мебошанд”.

То имрӯз дар Тоҷикитсон 8 ҳазору 899 ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Шабонарӯзи гузашта 39 ҳолати нав сабт гардид.

Рӯзи 9 сентябр бар асари сироятёбӣ аз коронавирус 1 кас фавтида, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози пандемия ба 71 нафар расид.

Дар давраи аз 30 апрел то 9 сентябр 7 ҳазору 683 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.