Адибаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ба унвони маликаи Британияи Кабир Елизавета II ба муносибати ҷашни Мавлуди Исо паёми табрикӣ навишт. Ҳамроҳ бо паём ба малика ва абераҳои ӯ китоби «Сказки бабушки Гульсифат» (Афсонаҳои бибии Гулсифат) туҳфа фиристода шуд.


Пас аз 9 рӯзи ирсоли паём ва туҳфа аз номи яке аз муқаррабони малика (фрейлина) Сюзан Хасси посух мерасад, ки малика паёму туҳфаро бо миннатдорӣ қабул карда, ба адиба арзи сипос кардааст.

Қобили зикр аст, ки маҷмӯаи ҳикояҳои “Сказки бабушки Гульсифат” (Афсонаҳои бибии Гулсифат)-и нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ дар номинатсияи “Муаллифи беҳтарин”-и Ҷоизаи Hertfordshire Press-2018 дар Лондон ғолиб дониста шуд.

Ин китоби чоруми Гулсифат Шаҳидӣ мебошад, ки дар Лондон ба нашр расид. Соли 2018 нависанда дар бахши “Тарҷумаи беҳтарин” дар Open Eurasian Literature Festival and Book Forum дар Тайиланд ҷоиза ба даст оварда буд.

Маҷмӯаи ҳикояҳои "Сказки бабушки Гульсифат"

Баъдан китоби «Дилу дидаам ба сӯи Шарқ» дар Кембриҷу Стокголм, китоби «Ҳамсояҳои нозанини ман» дар Лондону Москва, китоби афсонаҳояш дар Таиланд соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардиданд.

Гулсифат Ғаффоровна Шаҳидӣ 1 январи соли 1955 дар оилаи иқтисодчиён Ғаффор ва Масрура Сатторовҳо таваллуд шудааст. Дар шаҳрҳои Маскав ва Лондон кору зиндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.