Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 21 январ дар бораи ташкили ярмаркаҳои доимо амалкунанда дар пойтахт қарор ба имзо расонид.
Раиси пойтахт дастур дод, ки дар ярмаркаҳо масоили нархгузорӣ, сифати маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда, меъёрҳои беҳдоштиву бехатарии маҳсулот қатъиян риоя шавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт.
Ярмаркаҳо рӯзҳои наздик дар маҳаллаҳои сераҳолии шаҳр ба кор оғоз намуда, ҳамарӯза то охири сол фаъолият мекунанд.
Ярмаркаҳо аз ҷониби шаҳрдории Душанбе дар ҳамдастӣ бо Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, деҳқонони вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ташкил карда мешаванд.
Ба маъмурияти ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ супориш дода шуд, ки бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани ғурфа ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ҳамин ҳол, Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки ҳамаи маҳсулот бо нархи қобили қабул фурӯхта шуда, ба фурӯши маҳсулоти пастсифат роҳ дода нашавад.
Хадамоти марбутаи пойтахт вазифадор карда шуданд, ки хизматрасонии ташхиси экологии маҳсулоти дар ярмаркаҳо ба фурӯш гузоштаро тариқи ройгон амалӣ намоянд.
Инчунин раиси пойтахт дастур додааст, ки давоми сол дар ҳамаи бозорҳои шаҳр пеш аз ҷашну идҳо ярмаркаҳои муваққатии фурӯши маҳсулоти ғизоӣ бо нархи қобили қабул ташкил карда шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.