Аз 1 феврал дарҳои Маркази Исмоилия дар Душанбе барои адои ибодат боз мешаванд. Ибодати субҳ соати 5:30 ва шом - 18:00 баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маркази мазкур.

Дар Марказ қайд карданд, ки ибодаткунандагон бояд қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ, аз қабили 1,5 метр нигаҳдории масофа, доштани ниқоб ва худдорӣ варзидан аз дастӣ салом карданро риоя намоянд.

Ҳамчунин барои нӯшидани об истифодаи зарфи худ зарур аст.

Ёдрас мекунем, ки дар ин Марказ мунтазам натанҳо маросимҳои динӣ, балки рӯйдодҳои фраҳангӣ, намоишгоҳу ярмарка, суханрониву машғулиятҳои озод, давраҳои таълимӣ барои кӯдакон баргузор мешаванд. Рӯзҳои истироҳат аз соати 9 то 12-и рӯз даромадан ба қаламрави Марказ барои ҳамаи хоҳишмандон озодона аст. Дар ин ҷо сайругашт (экскурсияҳо)-и ройгон гузаронида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тавре аз Марказ хабар доданд, алҳол он танҳо барои адои ибодат боз мешавад. Дар ибодат дар як вақт то 700 нафар иштирок карда метавонанд.

“Пас аз ифтитоҳи марказ барои ибодат маълум хоҳад шуд, ки баргузории дигар чорабиниҳои Марказ, аз ҷумла машғулиятҳо барои кӯдакон имкон дорад ё не”, - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе бар асари пешгирӣ аз сирояти коронавирус аз 5 марти соли 2020 баста шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.