Танҳо соли гузашта кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳрдории Душанбе 141 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро барои ифлоскунии соҳилҳову оби дарёи Душанбе ҷарима карданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” Саидаҳмад Саидов, корманди Раёсати мазкур хабар дод, танҳо шахсоне ҷазо дода шуданд, ки “бевосита дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда буданд”, вале шумори чунин қонуншиканон дар ин самт бамаротиб зиёдтар аст.
Ба гуфтаи корманди Раёсат, маблағи умумии ҷаримаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ифлоскунии оби дарё ё соҳилҳои он бо партов ҳудуди 9 ҳазор сомониро ташкил додааст.
“Ронандагони автомашинаҳои боркаш Ҳасан Набиев ва Бобомурод Самадов барои холӣ кардани партови хеле зиёди масолеҳи сохтмон ба дарё ҳар кадоме дар ҳаҷми 1 ҳазору 366 сомонӣ ҷарима шуданд”, - гуфт эколог. - Ҳеҷ касе дақиқ гуфта наметавонад, ки давоми рӯз чӣ қадар одамон ба дарё партов мепартоянд”.
Зимнан зикр шуд, ки танҳо дар соли гузашта бо иштироки наздики 24 ҳазор нафар ризокорон дар соҳилҳои дарёи Душанбе таҳти унвони “Соҳили тоза” якчанд иқдомҳо барпо гардида, чандин тонна партов ҷамъоварӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои моддаи 177 КҲВМ ҶТ (Бо пасмонда ва партовҳои маишӣ ифлос кардани чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об, ки дар заминҳои захираи давлатии об ҷойгиранд), ба маблағи аз 60 то 3 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Як манбаъ аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз оғози соли равон ҳукумат ва парлумон назорати масъалаи мазкурро ба дӯши ин Кумита вогузор кардаанд.
“Мо кӯшиш мекунем, ки ҷиддӣ ба ин масъала машғул шавем, лекин аз ҳама муҳимаш дар ин кор фарҳанги баланди экологӣ ва худогоҳии аҳолӣ, инчунин назорат аз ҷониби худи ҷомеа зарур аст”, - гуфт манбаъ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.