Рӯзи 27 январ ҳавлирӯби ятимхонаи “Павлин” воқеъ дар наздикии боғи “Дубки”-и шаҳри Маскав назди айвони ин муассиса тифли 3-моҳаи дар кампал (одеяло) парпечбастаро меёбад. Мудири ятимхона ба пулис занг зада, то ҳозир шудани пулис модари тифл меояд, хабар медиҳад KP.ru.

Ҷавонзан чанде пеш ба ятимхона омада, кӯдакро супориданӣ будааст, лекин ӯро қабул накардаанд, чунки ин муассиса кӯдаконро аз 3-солагӣ ба тарбия мегирад ва тифлон ин синнусолро ба хонаи кӯдакон додан зарур аст.

“Ҷавонзан Фирӯзахон ном дошта, 22-сола аст. Ба Маскав аз Тоҷикистон омадааст. Гиря карда, ба кормандони пулис изҳор доштааст, ки чанде пеш ба ин ҷо омада, ба раҳбарияти ятимхона рӯирост гуфтааст, ки тифлашро ба онҳо додан мехоҳад, зеро хушдори наваш кӯдакро қабул надорад”, - хабар додааст ба kp.ru як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Пас аз ин Фирӯзахон аз ин муассиса рафта, лекин рӯзи дигар бармегардад ва тифлро назди айвони ятимхона мегузорад.

“Айни замон кӯдак дар бемористон қарор дошта, табибон вазхи солимии ӯро муоина мекунанд. Сабаб ва ҳолатҳои ин ҳодиса таҳқиқ ва то кадом андоза риоя шудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи муносибат бо ноболиғон, инчунин амали волидон оид ба иҷрои уҳдадориҳояшон дар ғамхорӣ дар бораи солимӣ ва инкишофи кӯдак дар ин маврид арзёбӣ мешавад”, - хабар додаанд аз хадамоти матбуоти прокуратураи Маскав.

Аз рӯйи ин далел ҳоло парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст. Агар тифл солим бошад, эҳтимол барои дар хатар гузоштани кӯдак парванда оғоз гардад. Тибқи ин модда, то як соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст. Лекин агар маълум шавад, ки кӯдак бемору лоғар ва беқувват асту модараш бо ӯ рафтори муносиб надоштааст, пас инро иҷро нашудани уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ баҳогузорӣ карда метавонанд. Ин ҷо ҷазо сахттар аст: то се соли зиндон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.