Дар Душанбе аз озмунҳои шаҳрии беҳтарин боғу гулгашт, кӯчаву хиёбон ва гулпарвари беҳтарини пойтахти Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.

Раиси Комиссияи озмун, муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода Боғи ба номи Аҳмади Донишро беҳтарин боғ дар пойтахт эълон кард. Зинаҳои дуюм дар ин номинатсия ба боғҳои “Устод Рӯдакӣ” ва ба номи Айнӣ, мақоми сеюм ба боғҳои ботаникӣ ва Боғи Куруш муносиб дониста шуд.

Дар номинатсияи “Гулгашти беҳтарин” зинаи аввалро Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ), зинаи дуюмро - Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Шоҳмансур) ва зинаи сеюмро - Гулгашти кӯчаи Карамов (ноҳияи Сино) ишғол намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Дар номинатсияи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» - кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) мавқеи аввал, Кӯчаи Нусратулло Махсум (ноњияи Сино) ҷойи 2-юм, Хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) зинаи сеюмро касб карданд.

“Гулпарвари беҳтарин” - Гулнигор Ғафорова, муовини директори «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал», дониста шуд. Ҷойи 2-юм ба Шариф Шеров, муовини директори КВД ТИИ «Сабзкорӣ» дода шуд. Таманно Абдуллозода, корманди МД «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сазовори зинаи 3-юм шуд.

Гуфта мешавад, ба ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм - «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюм - «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

Барои баргузории озмунҳои зикршуда бо супориши раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ аз буҷети шаҳр дар маҷмӯъ 88 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.