Нархи маҳсулоти хӯроквориро дар оғози моҳи Рамазон манзуратон мегардонем.

Маъмулан тибқи як анъанаи нохубе дар оғози моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон боло меравад. Аллакай то ба имрӯз равғани растанӣ ва гӯшт аз ҳама бештар қимат шуданд.

Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз моҳи Рамазон, ҳамасола моҳи апрел сабзавоту мева мавсимӣ гарон мешаванд ва акнун бо назардошти моҳи Рамазон, шояд метавон интизорӣ дошт, ки ин қиматшавӣ назаррас хоҳад буд.

Нархи тухму шакар ва ширу биринҷ, ки аз оғози сол боло рафта буданд, алҳол дар сатҳи моҳи гузашта боқӣ мондаанд.

Дар муқоиса бо соли гузашта болоравии начандон назарраси нархи маҳсулоти поелзӣ - помидору бодиринг ба назар мерасад.

Арзиши орд низ ҳоло боло нарафта, дар ҳудуди 4,8-5 сомонӣ барои 1 кило (230-250 сомонӣ барои 1 халта) нигоҳ дошта шудааст.

Нархи миёна ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар саросари ҷумҳурӣ ба санаи 12 апрел тариқи зайл аст:


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.