Дар Душанбе ба наздикӣ марказҳои савдои “Суғдиён”, “Омина” ва чанде аз хонаҳову биноҳои савдо дар гирду атрофи он тахриб (кӯчонида) мешаванд. Айни замон мушкил сари пардохти ҷубронпулӣ ба моликони ин иншоот аст. Ширкати бинокор бар ин назар аст, ки соҳибкорон пули хеле зиёд мехоҳанд, вале онҳо мегӯянд, ширкат дар ҳамин ҷо ҳам сарфа карданист.

Шаҳрдории Душанбе бо қарори худ аз 17 июни соли 2020 ба ҶДММ “Тоҷ Меъмор” ҷиҳати таҳияи лоиҳаи сохтмони хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи савдо ба ҷойи маркази савдои “Суғдиён”, рӯ ба рӯи бозори “Саховат” дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт иҷоза дод.

Барои иншооти сохтмони оянда 1,43 гектар қаламрав ҷудо шудааст. Мувофиқи лоиҳаи ҶДММ “Тоҷ Меъмор”, дар ин ҷо хонаи баландошёнаи истиқоматӣ иборат аз 7 қисм ва маркази савдо, фарҳанг ва маишати сеошёна сохта мешавад.

Барои ин лозим меояд, ки хонаҳои панҷошёнаи №№96 «а», 98, 100 ва 104, марказҳои савдои “Суғдиён” ва “Омина”, боз якчанд иншооти сохтмонашон нотамом дар гирду атрофи он кӯчонида шавад.


Дар қарори шаҳрдорӣ ширкати “Тоҷ Меъмор” уҳдадор шудааст, ки ба сокинону соҳибкорони иншоот, ки бар асари тахриб амволи худро талаф медиҳанд, ҷубронпулӣ пардохт намояд.

“Тоҷ Меъмор” ба кори соҳибкорон халал мерасонад

Айни замон ин ҳудуд чапаракбандӣ шудааст, ҳарчанд барои худи сохтмон ширкат ҳоло иҷоза надорад.

Раёсати нозироти давлатии меъморӣ ва сохтмони шаҳри Душанбе дар посух ба шикояти соҳибкорон хабар дод, ки ширкати бинокор танҳо баъди иҷрои банди 2-юми қарори мазкур, яъне пардохти ҷубронпулӣ ба моликони хонаву нуқтаҳои фурӯш, ҳуқуқ дорад, ки гирду атрофи қаламравро панҷара гирад.

Аммо ширкати бинокор аллакай атрофи қаламравро панҷара гирифтааст, ки ин ба савдо монеъа эҷод мекунад.


“Ҳоло сохтмон оғоз нагардидаву масъалаи пардохти ҷубронпулӣ ҳал нашуда, “Тоҷ Меъмор” бо панҷарагирии қаламрав ба савдои мо зарари калон расонид”, - мегӯянд соҳибкорони машғули савдо дар маркази “Омина”.

Ба гуфтаи онҳо, сатҳи даромадашон аз савдо ва хизматрасониҳо хеле кам шудааст.

“Боз мо бояд андозҳоро пардохт кунем”, - шикоят мекунанд онҳо.

Маркази навро тахриб мекунанд, то боз нави дигарашро созанд

Соҳибкор ва молики нуқтаи суратгирӣ Саидалӣ Шодарвозов мегӯяд, ширкати бинокор ба онҳо ҷубронпулии хеле ночиз пешниҳод кардааст.

“Нақшаи генералиро баҳс карданӣ нестем, лекин паймонкор бо мо дуруст гапзанон карда наметавонад. Чун дид, ки гапзанон бо мо душвор аст, роҳи дигарро пеш гирифт. Ғайриқонунӣ қаламравро бо панҷара маҳкам кард, то ки даромади мо кам шавад, лекин мо уҳдадорем, ки андозҳоро пардохт кунем. Ҳозир бо сабаби набудани мизоҷон зарар дида истодаем”, - иброз дошт ӯ.


Ширкати бинокор ба Саидалӣ ваъда додааст, ки дар бинои нав ба ӯ ҳамин қадар метри мураббаъ ҷудо мекунад, лекин ба назар намегирад, ки то анҷоми сохтмон ӯ ва оилааш бекор монда, аз даромад маҳрум мешаванд.

Ба гуфтаи соҳибкор, ширкати бинокор пардохти ҷубропулиро барои солҳои интизорӣ ва бекории тоҷир рад кардааст.

Намояндаи маркази савдои “Омина” Алиҷон Иброҳимзода изҳор мекунад, ки маркази онҳо нав буда, ҳамагӣ чанде пештар сохта шудааст. Барои сохтмон моликони он маблағи зиёд харҷ карда, акнун онро тахриб карданианд.


“Агар он ба нақшаи генералӣ дуруст наояд, мо омодаем, ки худамон онро кӯчонему навашро созем”, - мегӯяд ӯ.

Дар ин ду маркази савдо, ки бояд тахриб шаванд, беш аз 15 нафар соҳибкорон машғули коранд. Ҳамаи онҳо баҳодиҳии адолатноки амволашон ва ҷубронпулии шоистаро интизоранд.

Суҳбат бо намояндагони ширкати бинокор ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд. Намояндаи ҳукумати Душанбе изҳор дошт, ки гуфтушунид бо сокинони манзилҳову соҳибкорон идома дорад ва ҳамаи мушкилоти онҳо бо ширкат ҳалли мусбати худро хоҳанд ёфт.

“Ҳозир корҳои лоиҳакашӣ ҷараён дошта, сохтмон ҳоло оғоз нагардидааст”, - зикр карданд дар ҳукумат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.