“Қисмате аз донишҷӯёне, ки дар раҳпаймоӣ ё худ маршировка ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок мекунанд, ба таври ҳатмӣ ваксина гирифтанд. Тадриҷан ҳамаи иштирокчиёни ин чорабинӣ - 15 ҳазор нафар донишҷӯён ваксина зада мешаванд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён.
Ба гуфтаи ӯ, то дирӯз 6 ҳазору 595 нафар донишҷӯёне, ки ҳозир дар маршировка иштирок мкунанд, ваксин гирифтаанд.
“Маршировкаҳо бо шумори маҳдуд гузашта, ба наздикӣ донишҷӯёни боқимонда ба он ҳамроҳ мешаванд. Давра ба давра пас аз гирифтани ваксина ҳамаи онҳо ба чорабинӣ ҳамроҳ мешаванд. Ин корҳо барои бехатарии онҳо ба сомон расонида мешавад”, - иброз дошт ӯ.
Шоҳиён зикр кард, ки пас аз гирифтани ваксина шумори донишҷӯёне, ки дар чорабинӣ иштирок мекунанд, ба 15 ҳазор нафар мерасад.
Ёдрас мекунем, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар якчанд қисмати шаҳр тамринҳои раҳпаймоии идона мегузаранд.
Сарфи назар аз мавҷи дуюми коронавирус, чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашн бекор нашуд.
Муовини аввали вазири фарҳанг ва яке аз масъулони ташкил ва баргузории раҳпаймоиҳои идона дар Тоҷикистон Обидҷон Назариён ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки қарор дар бораи бекор кардани “маршировкаҳо” ҳоло қабул нашудааст.
Аввали ҳамин моҳ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус ва Вазорати тандурустӣ дастур дод, ки масъалаи ваксиназанӣ ва риояи қатъии масофаи иҷтимоиро зери назорат гиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.