Дар арафаи Соли нав кӯҳнавард ва сайёҳи маъруф аз Тоҷикистон Виталий Хинензон қуллаи баландтарини Эквадор - Чимборасоро фатҳ кард. Ин қулла ҳамзамон дуртарин нуқта аз маркази замин маҳсуб меёбад.

Нияти фатҳи ин қулларо, ки 6310 метр баландӣ дорад, Виталий ва ҳамтоҳояш аз бошгоҳи сайёҳии “Кулуар” вақти сафар ба вулқони Орисаба дар Мексика ба нақша гирифтанд.

1/3

Дастаи байнулмилалӣ иборат аз кӯҳнавардони Русия, Украина, Латвия ва Тоҷикистони бошгоҳи “Кулуар” 24 декабр ба Чимборасо рахти сафар баста, шаби 31 декабр қуллаи вулқонро фатҳ намуданд.

Чимборасон вулқони хомӯшшуда ба нуқтаи баландтарини Эквадор мебошад. Чандин садсолаҳо пеш онро қуллаи баландтарин дар сайёра замин медонистанд. Ҳар як кӯҳнаварде, ки ба касбаш эҳтиром дорад, фатҳи ин қулларо вазифаи худ мешуморад.

Ёдрас мекунем, ки тобистони соли 2021 ҷаҳонгард Виталий Хинензон аввалин шуда аз тоҷикистониён қуллаи баландтарини сайёра Ҷамолунгма (Эверест)-ро фатҳ кард. Баландии ин қулла 8848 метр аст.

Виталий ҷашонгарди соҳибтаҷриба буда, ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ ба сайёҳии кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ машғул аст. Ӯ дар сафари фатҳи қуллаҳо дар Қафқозу Помир иштирок карда, ба фатҳи қуллаҳои баландиашон 5 ҳазор метрии Казбек, Элбрус ва 7 ҳазор метрии Исмоии Сомонӣ, Сино ва Озодӣ (собиқ Ленин, Коммунизм ва Корженевский) ноил гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.