Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумораи парвозҳоро дар масири Душанбе – Маскав - Душанбе зиёд кард.
“Минбаъд парвозҳои мунтазам ба самти Москва (Фурудгоҳи Домодедово) ва бозгашт дар як рӯз ду маротиба тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Маълумоти бештар ва чиптаҳои парвоз дар сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву чиптафурӯшии ширкат дастрас мебошанд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи расмии ширкат.
Хотиррасон мешавад, ки ҳамаи мусофирон, ба истиснои шаҳрвандони Русия, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соат пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд.
Арзиши билет ба хатсайри Душанбе - Маскав то охири моҳи апрел дар сомонаи расмии ширкат 300 евро (4 ҳазору 313 сомонӣ), билети парвоз аз он ҷо ба Маскав 130 евро (1 ҳазору 869 сомонӣ) нарх дорад.
Гуфта мешавад, аз 15 март вуруди мусофирон аз кишварҳои ИДМ ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия пурра ё қисман иҷозат аст.
“Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсия мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Айни замон ширкати “Сомон Эйр” чор ҳавопаймо дар ихтиёр дорад: дуто Boeing 737-800 ва дуто Boeing 737-900.
Ваъда доданд, ки нархҳоро нигоҳ медоранд
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январ нархи билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия, бахусус ба самти Маскав ба таври назаррас боло рафт. Нарх ба зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ расид. Лекин акнун вазъ ба эътидол омада, ҳозир билетҳоро метавон бо арзиши 3,5-4 ҳазор сомонӣ харид.
Чанд рӯз пеш Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар дод, ки нархҳои билети хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия поин рафта, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда доданд, ки минбаъд нархҳоро боло намебаранд.
“Зимни ҷаласа намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда додаанд, ки дигар нархи билетҳоро боло набурда, онро дар доираи арзиши сабтшуда мефурӯшанд.
Яъне на зиёдтар аз 250 то 350 доллар. Дар акси ҳол, Агентӣ онҳоро аз ҳаққи минбаъд иҷро кардани парвозҳо маҳрум карда метавонад”, гуфта буданд он замон дар Агентӣ.
Дар ҳоли ҳозир се ширкат - «Сомон Эйр», «Уральские авиалинии» ва «ЮТэйр» байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳо анҷом медиҳанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.