Шаҳрвандони хориҷии машғули кор бар асоси патент дар вилояти Перм дар 11 соҳа кор карда наметавонанд, хабар медиҳад Business-class.
Дар санади имзошудаи мақомот гуфта мешавад, ба хориҷиён фаъолияти навъҳои зерин манъ мешавад: дарахтбурӣ, хидматрасонӣ дар ин соҳа, арра ва ҳамвор кардани чӯбу тахта, истихроҷи нафт ва газ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ, савдои чакана дар мағозаҳои гайритахассусӣ, савдои чаканаи нӯшокӣ ва маҳсулоти тамоку дар мағозаҳои махсус, мусофиркашонӣ дар нақлиёти шаҳрӣ, беруназшаҳрӣ ва байнишаҳрӣ, кор дар такси бо мошинҳои сабукрав.
Гуфта мешавад, ин ин амр бо мақсади тақсими захираҳои корӣ байни муҳоҷион ва аҳолии маҳаллӣ равона шудааст.
Ба корхонаву ташкилотҳои кишвари Перм барои ивази муҳоҷирон ба шаҳрвандони Русия се моҳ муҳлат дода шудааст. Ин амр алҳол давоми соли 2022 амал мекунад. Дар сурати қабули муҳоҷирон ба кор, моликони ширкатҳо муҷозот мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки аз оғози соли ҷорӣ кори муҳоҷиронро дар соҳаҳои гуногун дар 4 минтақаи Русия манъ карданд: вилояти Калуга, Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск ва вилоятҳои Тюмену Калининград (аз октябри соли 2021).
Дар ин минтақаҳо ба муҳоҷирон рондани такси ва ҳама гуна навъи дигари нақлиёти ҷамъиятӣ, истеҳсоли ғизо барои кӯдакон, кор дар соҳаи маориф, фурӯши тамоку, машрубот ва хӯрок барои кӯдакон, расонидан (кашонидани) маҳсулот, инчунин фаъолият дар бахши тандурустӣ манъ шуд.
Боз дар баъзе минтақаҳои кишвар ба муҳоҷирон тарҷумонӣ, котибӣ, муҳаррирӣ, кор дар соҳаи кадрҳову молия ва муҳосибӣ, инчунин фаъолияти марбут ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, фурӯши чӯбу тахта, моҳидорӣ, шикор ва парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ манъ аст.
Ҳамчунин ба хориҷиён иҷоза нест, ки дар фурӯшгоҳ (киоскҳо)-и бозор, хаймаҳои савдои хӯроки тайёр, пухтани хӯрок дар фурӯшгоҳҳои сайёр ва фурӯши он кор кунанд.
Дар ҳамин ҳол, боз дар баъзе минтақаҳо барои ҷалби муҳоҷирон ба кор дар ихтисосҳои манъшуда ҷаримаҳои калон ҷорӣ шуд: барои шахсони ҳуқуқӣ то 1 млн рубл, мансабдорон - то 50 ҳазор рубл. Шахсони воқеӣ низ, ки муҳоҷиронро киро кардаанд низ ҷарима (аз 2 то 4 ҳазор рубл) шуда метавонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.