Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) дар Тоҷикистон паноҳгоҳҳои изтирориро дар ноҳияи Рашт ва Файзободи водии Рашт ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист (IHHI III)» сохта шуда буданд, расман тақдим намуд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ (SDC) ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон маблағгузорӣ карда шуд. Дар ин маросими расмӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, полковник Иброҳимзода Имомалӣ Набибулло, сардори раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи AKAH, Наҷиб Яминов ҳуҷҷатҳои расмиро имзо намуда, тартиби минбаъд истифодабарӣ ва идоракунии иншоот ва нақшаи посухиҳии дутарафа ба ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳия ба мувофиқа расонданд.
Дар умум, AKAH дар чаҳорчӯби лоиҳаи номбурда дар минтақаҳои аз ҳама хатарноки водии Рашт чаҳор паноҳгоҳи фавқулоддаро сохта ба истифода дода буд.
Минтақаҳои сохтмони ин паноҳгоҳҳо дар асоси натиҷаҳои «Арзёбии ҳамгирошудаи макони зист», ки ҳамчун ҷойҳои хатарнок арзёбӣ шуданд ва дар рӯёихати ҳолатҳои фавқуллода ҳамчун мавзеъҳои хатардошта, ворид шуда буданд, интихоб шуданд.
Дар сохтмонҳои сохташуда, ҳамаи шароҳитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда дар онҳо метавонанд беш аз 50 нафар муҳоҷирони муваққатӣ ва одамони осебдида ҷой дода шуда, аз дигар кӯмакҳои зарурӣ, аз ҷумла кӯмакҳои тиббӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва психологӣ баҳраманд шаванд.
Иншоотҳои сохташуда ба ҳама гуна стандартҳои зарурии паноҳгоҳи башардӯстонаи изтирорӣ ҷавобгӯ мебошанд, зеро тарҳ ва таҷҳизоти ин иншоот имкон медиҳад, ки шахсони имконияташон маҳдуд низ дар ҳолатҳои фавқулода дар он ҷойгузин карда шаванд.
Ин паноҳгоҳҳо метавонанд ба одамоне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ осеб дидаанд, хидмат кунанд ва эҳтиёҷоти фаврии башардӯстонаи одамон ва оилаҳои онҳоро ҳангоми фалокатҳо қонеъ гардонанд.
Иншоотҳои мазкур мувофиқи таҷрибаҳои беҳтарин ва стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ тарҳрезӣ ва сохта шуда, бо тамоми лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳазонида шудаанд, то одамоне, ки аз ҷойи зисташон маърум шудаанд, ҷойи муносиби зиндагӣ пайдо карда “эҳсосоти хонаи худро” ҳис намоянд, ки ин ҷанбаи муҳими физиологӣ ва писхологии барои одамони бехонамонда ҳангоми бӯҳрон мебошад.
Иншоот инчунин барои қонеъ кардани ниёзҳои фаврии гурӯҳҳои осебпазири одамон (аз ҷумла маъюбон, пиронсолон ва занону кӯдакон) пешбинӣ шудааст. Паноҳгоҳи изтирорӣ ва хидматрасонии он барои ҳама дастрас буда, ҳамаи нозукиҳои нигоҳубини кӯдак барои занон ва дигар эҳтиёҷот низ ба назар гирифта шудааст.
Лоиҳа ба он диққати махсус медиҳад, ки чи занон ва чи мардон ба ин иншоот дастрасии баробар дошта, аз он мувофиқи ниёзҳои худ истифода бурда тавонанд. Паноҳгоҳҳои фавқулодда ба ҳамаи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯ буда, ҳар кадоми онҳо беш аз 50 нафарро ҷой додан мумкин аст ва одамон метавонанд бо оилаҳои худ вобаста ба вазнинии таъсири хатар ба манзилҳояшон, дар инҷо муваққатан ё дарозмуддат зиндагӣ кунанд.
Аз иншоотҳои мазкур зиёда за 4819 нафар (2462 мард ва 2 357 зан) мустақиман баҳра хоҳанд бардошт, инчунин онҳо ҳамчун як фазои корӣ барои гурӯҳи КҲФ, ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамчун маркази таълимӣ ё дигар эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, ки дар созишномаи КҲФ ва ҳукумати маҳаллӣ дарҷ ёфтаанд, хизмат кунанд.
Намояндаи КҲФ дар водии Рашт аҳамияти сохтимонро баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки «дар натиҷаи тағирёбии иқлим шумораи офатҳои табиӣ дар ноҳия ҳар сол меафзоянд, ки онҳо сол ба сол амалан дар чор фасл дида мешаванд, ки сабаби талафоти иқтисодӣ ва ҷонии ҷамоатҳо ва инчунин воситаҳои зиндагии онҳо мегарданд.
Дар натиҷаи офатҳои табиӣ шумораи зиёди одамон бесарпаноҳмонда зиёд шуда аксари онҳо муваққатан ба ҷойҳои амнтар эвакуатсия карда мешаванд аз ин рӯ, зарур аст, ки иншооти тайиншуда барои таъмин намудани сарпаноҳ ба онҳое, ки хонаҳои худро аз даст додаанд, ҷойгир карда шаванд, то ки посухдиҳии ҳолати фавқулоддаро зудтар ва муассиртар карда шавад ва ҷомеа худро дар онҳо бехатартар ҳис кунад.
Ҳодисаҳои фалокатбори ахир дар водии Рашт, аз қабили заминларзаи соли 2021, омадани селу тарма ҳамчун мисол овардан мумкин аст, ки бар асари он мардуми зиёде бесарпаноҳ монда, маҷбур шуданд, ки дар хаймаҳои муваққатӣ зиндагӣ кунанд.
Сардори Раёсати идоракунии ҳолатҳои фавқулоддаи АКАХ, Наҷиб Яминов изҳор дошт, ки AKAH дар якҷоягӣ бо КҲФ ҳам барои мутахассисони идораи ҳолатҳои изтирорӣ ва ҳам Гурӯҳҳои посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷомеа (CERT), ва амсоли инҳо оид ба корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ, ёрии аввалия ва амалиёти изтирорӣ мунтазам тренингҳо мегузаронад.
Иншоотҳои сохташуда яке аз муҳимтарин ва асосии унсурҳои муассири посухдиҳӣ ба ҳодисаҳои фавқулодда ва идоракунии самаранок дар манотиқи дурдасти кӯҳистон буда, чи AKAH ва чи КҲФ барои ҳали онҳо ҳаматарафа кӯшиш карда истодаанд ва ин таҷрибаҳо дар дигар ноҳияҳо низ ҷорӣ хоҳанд кард.
Таъсиси паноҳгоҳҳои изтирорӣ як қисми стратегияи устуворӣ ва посухдиҳии АКАХ ва Шабакои Оғохон оид ба рушд буда, он барои дастгирии ҳукумат дар талошҳои посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва идоракунии он дар кишвар ҳангоми таъсири офатҳои табиӣ равона карда шудааст.