Актёрони тоҷик Парвиз Пӯлодӣ ва Соро Сабзалиева дар филми «Лена и справедливость» (Лена ва адолат), ки чанде пеш, аз 25 август дар Русия ба намоиш бароварда шуд, нақш бозиданд.
Дар филми аввалини коргардон Екатерина Вешева Парвиз нақши асосӣ - муҳоҷири кории ошиқро иҷро мекунад.
Мақсуд дар Русия бе ягон ҳуҷҷат монда, бо ҳамин сабаб расман ҳаёти шахсиашро бо модари се фарзандаш - Лена ба роҳ монда наметавонад.
Тибқи сюжети филм, ин ҷуфт муддати даҳ сол зиндагӣ дошта, бо тарбияи фарзандон рӯзгори худро пеш мебаранд.
Лена тӯйи афсонавиро орзу карда, лекин ба далели ҳуҷҷат надоштани интихобкардаи худ, онро гузаронида наметавонад. Ҳамчунин нигарон аст, ки Мақсудро метавонанд аз Русия хориҷ кунанд.
Шахси интихобкардаи ӯ тасодуфан шиносномаи худро гум карда, ҳоло ба ҷойи идораи САҲШ (ЗАГС), тез-тез ба дасти кормандони пулис меафтад.
Аммо Лена зани қавиирода буда, барои ишқу хушбахтии худ омода аст, ки ҳар рӯз мубориза барад.
Дар ин филми мазҳакавӣ зани рус Мақсудро аз шуъбаи пулис раҳо карда, ҳар бор ба шахсони анфиатдор ҳарчи бештар пул медиҳад.
Ба ҷуз Парвиз Пӯлодӣ ҳунарманди дигари тоҷик Соро Сабзалиева низ дар ин филм нақш бозидааст.