Соли гузашта дар натиҷаи 48 ҳодисаи нохӯш (соли 2023-юм 44 ҳодиса) дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон 30 нафар ба ҳалокат расида, 26 каси дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин бора Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш “бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳмиятии коргарон ҳангоми кор, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор, риоя накардани технологияи коркарди кон" мебошад.
Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ки дар пайи ин ҳодисаҳо, 27 шахси мансабдор 5 шахси воқеӣ ва 7 шахси ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ маъмурӣ кашида шудаанд. Маблағи умумии ҷарима нисбати масъулин 1,8 млн сомонӣ мебошад.
Сардори ин ниҳод гуфт, ба 56 зарардидаи ҳодисҳои нохуш, аз ҷумла ба оилаи 30 фавтида дар маҷмуъ, ба маблағи 8,8 млн сомонӣ кумак расонида шудааст.

Ба гуфтаи Санъат Асо, соли гузашта Хадамот 270 назорати техникӣ гузаронида, дар рафти ин санҷишҳо 3500 ҳолати вайронкунии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ошкор кардааст.
Дар пайи ин ҳолатҳо, 340 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ҳамаи онҳо дар умум бо маблағи 1,6 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.
Ҷузъиёти фавти коргарон дар НБО “Роғун”
Дар идомаи нишаст, Санъат Асо аз анҷоми санҷиши ҳодисаи ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун” хабар дод. Ӯ сабабҳои ин ҳодисаро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз тарафи коргарон унвон кард.
Сардори Хадамот гуфт, ки дар пайи ҳодисаи НБО "Роғун" нисбати ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба таъкиди роҳбари ин ниҳод, ҳарчанди гуноҳи худи кормандон буд, вале шахси муттасаддӣ - муҳандис бояд назорат ва риояи қоидаҳоро талаб мекард.

Ба гуфтаи Санъат Асо, ниҳоди онҳо хулосаи техникии худро дар ин маврид дар ҳаҷми 500 саҳифа омода карда, ба Додситонии шаҳри Роғун супурдааст. Гуфта мешавад, ҳоло додситонӣ ин қазияро пеш мебарад.
“Ҳодиса дар агрегати панҷум рух додааст. Худи кормандон ҳангоми кор дар пойгоҳ танобҳои онро ба ҷойи 6 нуқта, танҳо дар 3 нуқта пайваст кардаанд. Ҳамчунин онҳо аз тасмаи бехатарӣ (монтажный пояс) истифода накардаанд ва вақте бо сабаби ноустуворӣ бори вазнин яктарафа мешавад, танобҳо тоб наоварда якеаш канда мешавад: аввал коргарон меафтанд, баъд занҷирҳои дигар низ канда шуда, пойгоҳ низ чаппа мешавад”, - нақл кард Санъат Раҳим рафти ҳодисаро
Ҳодисаи нохуш дар “Фон-Яғноб”
Санъат Асо ҳамчунин, дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” оид натиҷаи тафтиши ҳодисаи кони ангишти “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ, ки дар он се корманди кон ба ҳалокат расиданд, гуфт, "ҳоло тафтишот ба анҷом нарасидааст".
“Тибқи қонун мо бояд давоми 10 рӯзи корӣ тафтишоти мушаххас гузаронида, сабаби ин ҳодисаро муайян кунем. Ҳоло тафтишот давом дорад, он ба охир расад, натиҷаҳои онро расонаӣ мекунем” - гуфт сардори Хадамот.
Аз ин пештар намояндагони Хадамот ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки “тафтишот субҳи рӯзи 20-уми январ оғоз гардидааст ва 15 рӯз идома мекунад”.
Ба гуфтаи Раҳим Санъат, пас аз анҷоми тафтишот хонаводаи қурбониён “ҳатман тибқи муқаррароти қонун кӯмак ва ҷубронпулӣ мегиранд.
“Ҳоло ширкат барои рӯйпӯши хароҷоти маросими дафн ба оилаҳои зарардида кӯмак расониданд. Дигар кӯмакҳо баъд аз анҷоми тафтишот расонида мешаванд ва мо ҳатман ин равандро назорат мекунем” - таъкид кард сардори Хадамот.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста