Дирӯз, 18 сентябр, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ маҷруҳони даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, ки дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ ҳастанд, аёдат карданд.

Тавре ки дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, зимни аёдат иттилоъ дода шуд, ки бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои табобати сокинони зарардида табибони варзидаи вилоят ҷалб гардида, беморон бо доруворӣ ва хӯроки гарму ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.

1/8

Гуфта мешавад дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон чанде аз афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, ки ҷароҳат гирифта буданд, ба табобат фаро гирифта шуданд.

"Вазъи зарардидагон таҳти назорати шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб қарор дорад", - навиштааст манбаъ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.