Арабистони Саудӣ ҷиҳати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Сурия ва Туркия хатсайри ҳавоии таъҷилӣ боз кард. Ҳамчунин дар ин кишвар тариқи платформаи “Соҳим” маъракаи густардаи ҷамъоварии кумак роҳандозӣ шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Шоҳигарӣ дар Тоҷикистон.
“Ин маърака таҳти сарпарастии Маркази кумаки башардӯстонаи шоҳ Салмон ба роҳ монда шуд.
То ҳозир шаҳрвандони Арабистони Саудӣ барои ёрӣ ба бародарони осебдидаашон дар Сурия ва Туркия 100 млн риёли саудӣ, ки ба 26,6 млн доллар баробар аст, ҷамъ оварданд”, - хабар доданд дар намояндагии дипломатӣ.
Дар сафорат зикр карданд, ки субҳи имрӯз як гурӯҳи имдодгарон аз Арабистони Саудӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офат ба Туркия сафарбар шудаанд.
Бино ба маълумоти ахир, бар асари заминларза дар Туркия 12 ҳазору 873 нафар ҳалок ва 62 ҳазору 937 кас ҷароҳат бардоштаанд. Шумори фавтидагон дар Сурия то 3 ҳазору 162 нафар расида, теъдоди осебдидагон дақиқан маълум нест.
Ба ин тариқ, теъдоди умумии ҳалокшудагон дар Туркия ва Сурия бар асари заминларза 16 ҳазору 35 нафарро ташкил медиҳад.