Рӯзи 25 феврали  соли ҷорӣ  бо сабаби ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард аз самти Сибири Ғарбӣ ноустуворшавии вазъи обу ҳаво пешгӯӣ мешавад.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бинобар ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард, санаи 25 феврал рӯзона дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон,  Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ба амал омадани боришот (борон, барф)-и бошиддат пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар қисми зиёди ноҳияҳо пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа  дар назар аст.

Рӯзҳои 23-26 феврал дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим хавфи сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст.

Бинобар сабаби боридани боронҳои бошиддат санаи 25-26 феврал дар  доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Дар Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ то 28 феврал обуҳавои абрнок ва баъзан каме борон меборад. Рӯзона ҳаво аз 10 то 22 дараҷа ва шабона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо обуҳавои шабона аз 4 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар Хуҷанд ва вилояти Суғд низ ҳавои абрнок дар назар буда, ҳарорат рӯзона аз 0 то 17 дараҷа гарм, шабона аз 3 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм мешавад.

Дар Бохтар ва вилояти Хатлон обуҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорат рӯзона аз 10 то 25 дараҷа ва шабона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи 25 феврал баъзан борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ барф меборад.

Дар Хоруғ ва ВМКБ ҳаво сардтар шуда, рӯзона аз 2 то 6 дараҷа гарм ва шабона аз 2 то 9 дараҷа хунук мешавад. Рӯзҳои 25-26 феврал боридани борон ва барфи начандон зиёд пешбинӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.