Хидмати ҳатмӣ, алтернативӣ, ҷамъомади ҳарбӣ, сафарбарӣ - ба кадомаш шуморо даъват карда метавонанд? Кӯшиш мекунем, ки шарҳ диҳем.

Кадом навъи хидматҳо ҳастанд?

Метавон се навъи хидматро зикр кард: хидмати ҳатмии ҳарбӣ, ҷамъомади ҳарбӣ ва сафарбарӣ. Ҳамаи онҳо аз рӯи муҳлат ва шароит фарқ доранд.

Хидмати ҳатмии ҳарбӣ (ё тавре ки онро  - хидмат аз рӯи даъватнома низ меноманд) ӯҳдадории ҳарбии ҳамаи шаҳрвандони марди аз 18 то 27-сола барои адои хидмати ҳарбӣ мебошад, агар онҳо, албатта, ҳуқуқи ба таъхир андохтан ё озод шуданро надошта бошанд.

Чунин хидмат дар қисмҳои ҳарбӣ мегузарад, аммо ҳамчун интихоб, шумо метавонед аз хидмати алтернативии шаҳрвандӣ низ гузаред - ин кори муқаррарӣ дар муассисаҳои давлатӣ ба ҷои хидмати "маъмулӣ" аст.

Ҷамъомади ҳарбӣ - чорабиниҳое мебошанд, ки ҳар сол барои такмили донишҳои ҳарбӣ гузаронида мешаванд. Дар муқоиса бо хидмати дарозмуддати ҳарбӣ, ҷамъомади ҳарбӣ дер давом намекунад (масалан, дар Русия - на бештар аз ду моҳ). Дарвоқеъ, ҳадафи он «такмил»-и маҳорати ҳарбӣ аст, дар ҳоле ки ин гуна даъватшавандагон ба майдони ҷанг фиристода намешаванд.

Сафарбарӣ - даъвати уҳдадорони ҳарбии захираҳо ба артиш ҳангоми даргириҳои низомӣ мебошад. Маҳз сафарбаршудагон ба ҷанги мустақим фиристода мешаванд.

Шахсони дорои душаҳрвандӣ ба кадоме аз ин навъҳои хидмат даъват шуда метавонанд?

Ба ҳар кадоме аз онҳо. Шарти асосӣ натанҳо доштани шаҳрвандӣ, балки иқомати доимӣ дар қаламрави ин кишвар аст. Масалан, агар шумо шаҳрванди Тоҷикистон ва шиносномаи дуюми Русия дошта бошеду доимӣ дар қаламрави Тоҷикистон иқомат доред, пас шумо мутаносибан дар Тоҷикистон хидмат хоҳед кард. Агар доимӣ дар Русия зиндагӣ дошта бошед, пас дар Русия.

Шуморо метавонанд ҳам ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ, ҳам ҷамъомади ҳарбӣ ва ҳам сафарбарӣ даъват кунанд.

Аммо ин танҳо ба онҳое дахл дорад, ки шаҳрвандии кишварро доранд! Агар шумо хориҷӣ бошед ва масалан, танҳо Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дошта бошед, онҳо наметавонанд шуморо даъват кунанд.

Ин чӣ хел мешавад - агар ман аввал дар Тоҷикистон зиндагӣ доштаму хидмат кардам, вале агар ба Русия кӯчидам, пас ба ман лозим меояд, ки бори дуюм хидмат кунам?

Не - дар сурати хидмати ҳатмии ҳарбӣ. Миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳалли масъалаҳои душаҳрвандӣ созишномае ҳаст, ки бар асоси он афроде, ки дар як кишвар хидмати низомиро адо кардаанд, набояд дар дигар кишвар ин корро анҷом диҳанд.

Бале - дар сурати ҷамъомади ҳарбӣ ва сафарбарӣ. Ҳатто агар шумо хидмати ҳатмии ҳарбиро дар Тоҷикистон адо карда бошед ҳам, пас аз ин метавонанд шуморо ба ҷамъомади ҳарбӣ ё сафарбарӣ даъват кунанд.

Ман аллакай медонам, ки онҳоеро, ки дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ кардаанд, дар Русия ба хидмат даъват намекунанд. Аммо чӣ мешавад, агар ман дар Тоҷикистон ҳамагӣ як моҳ дар ҳайати даъвати захираҳои сафарбарӣ хидмат карда бошам?

Соли 2021 дар Тоҷикистон як навъи дигари хидмати ҳарбӣ - дар даъвати захираҳои сафарбарӣ ба сифати сарбоз пайдо шуд. Аслан, ин маънои онро дорад, ки бо пардохти маблағи муайян шумо метавонед пас аз адои хидмати ҳамагӣ якмоҳа билети ҳарбӣ гиред.

Дар ҳамин ҳол, тавре дар боло зикр кардем, тибқи созишнома миёни Тоҷикистону Русия, афроде, ки дар як кишвар хидмати сарбозиро адо кардаанд, набояд дар дигар кишвар ин корро бори дигар анҷом диҳанд.

Аммо оё ин қоида ба онҳое, ки  ҳамагӣ як моҳ хидмат кардаанд, дахл дорад?

Посух - бале.

Мутобиқи Тартиби адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати даъвати захираҳои сафарбарӣ, вазъи ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбие, ки дар ҷамъомади ҳарбии якмоҳа иштирок мекунанд, ба мақоми низомиёни давраи хидмати ҳатмии ҳарбӣ баробар карда мешавад. Бо анҷоми ҷамъомад чунин шаҳрвандон ба ҳайати захираи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуда, дигар ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон ва аз ин рӯ, дар Русия низ даъват намешаванд.

Пас агар ман дар Тоҷикистон хидмати ҳатмии ҳарбиро адо карда, ба Русия рафта бошам, дар он ҷо дигар маро даъват намекунанд?

Не. Шуморо дигар ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват намекунанд, лекин ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва сафарбарӣ даъват карда метавонанд.

Сурат: ТАСС

Оё маро барои иштирок дар даргириҳо бо Украина зиндонӣ карда метавонанд?

Дар Тоҷикистон воқеан ҳам барои зархаридӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи моддаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ, зархарид шахсест, ки ӯро барои иштирок дар муноқишаҳои ҳарбӣ дар қаламрави кишвари дигар киро кардаанд.

Барои зархаридӣ аз 12 то 20 соли зиндон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Киҳо метавонанд чунин ҷазо гиранд?

Киҳо зархарид шуморида мешаванд?

Шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии Русия надоранд ва ҳамзамон дар низоъ миёни Русия ва Украина иштирок мекунанд.

Шаҳрвандоне, ки дорои ду шаҳрвандӣ мебошанд ва доимо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанду махсус барои иштирок дар даргириҳои низомӣ ба Русия омадаанд.

Кӣ зархарид ҳисобида намешавад?

Шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии дугонаи Русия доранд ва ба таври доимӣ дар Русия иқомат доранд. Агар шуморо сафарбар кунанд, шумо зархарид дониста намешавед ва ҳеҷ гуна ҷазо намегиред.

Дар ҳамин ҳол, ёдрас мекунем, ки мақомоти Тоҷикистон ба тартиб додани рӯйхати шаҳрвандон – иштирокчиёни ҷанг дар қаламрави Украина шурӯъ кардаанд.

Тибқи маълумоти манбаъҳои Радиои Озодӣ, нисбати тоҷикистониёне, ки дар амалиёти ҷангӣ дар Украина иштирок кардаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ боз мешавад. Дар ҳамин ҳол, танҳо афроди дорои шиносномаи тоҷикӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар робита ба зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русия ё Украинаро доранд, парвандаи ҷиноятӣ боз намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.