Раиси Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон Нуралӣ Раҳимов хабар дод, ки дар давраи солҳои 2013-2014 шумори лонаҳои лаклак (лайлак ҳам мегӯянд)-и сафед дар Тоҷикистон 10 баробар зиёд шудааст.

Намояндагони Иттиҳод чанде пеш экпедитсия оид ба дақиқ кардани шумори лаклакҳо ва барқарор намудани лонаҳои онҳоро ба итмом расонидаанд. Экспедитсия дар 5 шаҳру навоҳии вилояти Суғд - Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов гузаронида шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот дарёфти 65 лона муяссар шудааст, ки дар ҳар кадоме аз онҳо якчанд оилаи лаклакҳои сафед зиндагӣ мекунанд.

Сурат аз Умедҷон Набиев, корманди Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон

“Ин парандаи нодир ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст. Он пештар дар ҷануби Тоҷикистон зиндагӣ карда, тайи даҳсолаи ахир дар шимоли кишвар маскан гирифт. Қаблан бошад, дар ҳамаи қаламрави Тоҷикистон вомехӯрд", - иброз дошт Раҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, маҳз барои ҳифзи ҳаёти лаклакҳо Иттиҳоди ҳифзи табиат аз соли 2014 макони зисти онҳоро меомӯзад.

"Пас аз ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ дар водиҳои Ҳисор ва Вахш, ҷойҳое, ки лайлак сукунат дошт, ин паранда пайдо нашуд. Ва танҳо дар соли 2017 муҳаққиқон дар Исфара 6 лона ва пас аз чанд моҳи дигар дар Ашт 27 лона пайдо карданд”, - гуфт ӯ.

Лайлакхо дар болои дарахту сутунҳои баланд, ки дар саҳро ва канори роҳҳо  ҷойгиранд, лона мегузоранд. Вазни парандагон ба ҳисоби миёна ба 5 кг расида, давомнокии умрашон тақрибан 20 сол аст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Раҳимов, Иттиҳод барои кумак ба созмони ҳифзи муҳити зисти NABU-и Олмон, ки ҳар 5 сол дар саросари ҷаҳон шумораи лайлакҳоро назорат мекунад, муроҷиат кардааст.

“Вақте аз мо хоҳиш карданд, ки дар бораи лайлакҳо дар Тоҷикистон маълумот диҳем, мо низ дар навбати худ барои барқарор кардани сутунҳо кумак хостем, - гуфт Раҳимов. - Баъди гузоштани сутунҳои нав бо кӯмаки фаъолони муҳити зист ба сохтани лонаҳо шурӯъ кардем. Онҳоро бо қамиш ва коҳ ихота кардем, то ки лайлакҳо лонаашонро дар ин ҷо интихоб кунанд”.

Ба гуфтаи Раҳимов, лайлакҳои сафед бисёр вақт бар асари фаъолияти инсон нопадид мешаванд.

Сурат аз Умедҷон Набиев, корманди Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон

"Онҳо марғзорҳои пасту ботлоқзорро дӯст медоранд. Ғизои лаклаки сафед қурбоқа, кафлесак, мор, калтакалос, малах, кирмак ва дигар ҳашарот аст. Лайлакҳо парандаи ҷолибу зебо буда, аксар вақт таваҷҷӯҳи одамонеро, ки онҳоро қапидан мехоҳанд, ба худ ҷалб мекунанд. Аз ноқилҳои барқ ​​низ осеб мебинанд. Ғайр аз ин, лайлакҳо дар рӯзҳои хунук барои пайдо кардани ҷои гарм ба манзили одамон наздик мешаванд.

Ним аср пеш ба лайлакҳо метавонистӣ ҳам дар водии Хисор ва ҳам дар ҷануби Хатлон дучор шуд. Бо фаъолияти иқтисодии инсон, онҳо тадриҷан аз байн рафтанд”, - хулоса кард Раҳимов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.