Манъи воридоти мошинҳои сохти то соли 2013 ба бозори мошинҳои Тоҷикистон чӣ таъсире гузошт? Хабарнигори «Азия-Плюс» барои дарёфти посух аз бузургтарин бозори мошинҳои истифодашуда, воқеъ дар наздикии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар боздид кард.
Фурӯшандагон аллакай нархи мошинҳоро 2-3 маротиба боло бурдаанд, аммо хоҳишмандон ба харидани он шитоб намекунанд.
«Бале, воқеан нархи мошинҳои кӯҳна нисбат ба аввали сол хеле боло рафтааст, - мегӯяд соҳибкор Абдураҳим Сӯфиев. - Одатан дар фасли тирамоҳу зимистон мошинҳо ҳамеша каме гаронтар мешаванд ва дар баҳору тобистон нархи онҳо поин меравад. Аммо имсол ба далели манъ шудани воридоти мошинҳои кӯҳна, фурӯшандагон нархҳоро зиёдтар боло бурданд”.

Лекин соҳибкор бар ин назар аст, ки чунин ҳолат ба зудӣ мегузарад, “чуноне ки мебинед, харидорон хеле каманд”.
Ба гуфтаи фурӯшандагони маҳаллӣ, мошинҳои кӯҳнаеро, ки тайи 20 соли ахир ба ҷумҳурӣ ворид шуда буданд, барои истифода ба муддати тӯлонӣ дар бозори дохилӣ кофӣ аст. Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, танҳо дар се соли ахир ба ҷумҳурӣ беш аз 110 ҳазор мошини кӯҳна ворид шудааст.
Ва дуруст аст, дар бозор комилан мошинҳои нав вуҷуд надоранд; ҳамаашон истифода шудаанд, ҳатто мошинҳои соли 2022.
Мошинҳои навро дар фурӯшгоҳҳои мошин (автосалонҳо) харидан мумкин аст, ҳарчанд нархҳо дар он ҷо хеле баландтаранд.

“Ҳозир харед, ба наздикӣ мошинҳо боз қимат мешаванд”
Дар бозори мошин якчанд майдонҳо мавҷуданд. Мошинҳои қиматбаҳо дар ҷойҳои соябондошта гузошта шудаанд. Барои таваққуфгоҳ 200 сомонӣ мегиранд. Агар мошинро фурӯхта натавонистед, ҳафтаи оянда боз пардохт талаб мекунанд.
Дар қатори зери соябон тамғаҳои гаронбаҳо: Toyota Land Cruiser Prado BMW, Lexus-и гуногун гузошта шуда, аз 200 то 700 ҳазор сомонӣ нарх доранд. Аммо харидор нест, мардум онҳоро танҳо тамошо мекунанд.

Дар идома дар майдончаи кушод қатор-қатор мошинҳо ҷойгиранд, ки нархи миёнаи онҳо аз 50 то 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо садҳо моделҳоро ёфтан мумкин аст - Opel Astra F, G, H, Zafira, Vectra, инчунин Toyota Camry ва Corolla, Mercedes-Benz классҳои C ва E, Hyundai Avante, Sonata ва Elantra.
Нархҳо вобаста ба соли истеҳсол ва ҳолати мошинҳо аз 60 то 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
Аксари мардум дар гирди мошини истифодашудаи Opel Astra G ҷамъ шудаанд. Фурӯшанда барои он 70 ҳазор сомонӣ мепурсад.
Харидор Алимаҳмад, ки аз ноҳияи Дӯстӣ омада буд, мегӯяд: "Се моҳ пеш ҳамин мошинро ба 50 ҳазор нахаридам. Ҳоло ман омодаам, ки 60 ҳазор диҳам, аммо соҳибаш розӣ намешавад".
Бисёре аз харидорон тасмим гирифтаанд, ки баъдтар мошин мехаранд, аммо фурӯшандагон онҳоро ором намегузоранд: “Ҳозир гиред, мошинҳо ба зудӣ боз гаронтар мешаванд”.
Ба ақидаи онҳо, поин рафтани қурби рубли русӣ нархҳоро каме нигоҳ доштааст, агар қурби асъор боло равад, табиист, ки мошинҳо чанд маротиба бештар қимат мешаванд.

Дар майдонҳои кушод барои таваққуфгоҳ барои як давраи бозор – аз ҷумъа то рӯзи якшанбе 70 сомонӣ мегиранд.
Инчунин дар ин ҷо барои мошинҳои арзонтарин - маъмулан сохти солҳои 1990 ҷой мавҷуд аст. Инҳо асосан Opel, Daewoo мебошанд, инчунин Mercedes-Benz-и кӯҳна, якчанд навъҳои мошинҳои Корея мавҷуданд.
Дар ин ҷо нархҳо аз 20 сар шуда, то ба 80 ҳазор мерасад.
Соҳиби Kia ба харидор мошини соли 2008-ро бо нархи 80 ҳазор пешниҳод дорад, ӯ хоҳиш мекунад, ки нархро паст кунад, аммо савдо барор нагирифта, харидор ба дигар ҷой барои ёфтани мошин меравад.

Мошинҳои гарон ё арзон ба касе лозим нест
Рӯзи гузориши мо (15 октябрь) бозор камодам буд — ба 100 мошин на зиёдтар аз 1 харидор рост меомад.
Ҳарчанд савдогарон ба минбаъд болоравии нархи мошинҳо ишора мекунанд, аммо ба эҳтимоли зиёд, ба наздикӣ лозим меояд, ки нархро поин баранд.
“Беҳтараш аз автосалон мехарам, - мегӯяд Шариф аз Ҳисор. - Ҳатто бо қарз гирифтан мумкин аст. Ин ҷо барои Opel-и хеле кӯҳна 60 ҳазор сомонӣ мепурсанд. Қимат аст».
Мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон аз кишварҳои соҳили Балтика, Гурҷистон, Олмон, АМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо ворид карда мешаванд.
Дар давоми 5 соати мушоҳидаи мо дар бозор ягон электромобил (мошини барқӣ) надидем, мошинҳои истеҳсоли Русия ва Ӯзбекистон хеле кам буданд.

Абдумалик, ки касбаш челонгари мошин аст, рӯзҳои истироҳат ба бозор омада, ба фурӯшандаю харидорон хидмат мекунад — ба моликони мошинҳо мизоҷ пайдо мекунаду барои харидорон мошини муносиб тавсия медиҳад.
Аз ӯ пурсидем, ки харидорон бештар кадом мошинҳоро харидан мехоҳанд.
Маълум шуд, ки бештар Opel, Toyota и Mercedes-Benz-ро мехоҳанд. Дар идома Hyundai, Lexus, BMW қарор доранд. Моделҳои Daewoo ва ВАЗ маъруфияти худро гум мекунанд.

«Дар ду соли охир мошинҳои Mercedes-Benz класси C ва E ва Toyota Camry серхаридоранд”, - мегӯяд Абдумалик.
Дар мавриди нарх бошад, аксар вақт мошинҳоро аз бозор ба қимати 50-150 ҳазор сомонӣ мегиранд. Ба мошинҳои хеле гарону арзон хоҳишмандон каманд.
«Аз баландшавии нархи мошинҳо касе фоида намебинад, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо. – Савдо нест ва ин ба манфиати соҳибкор нест. Онҳое, ки мехоҳанд мошини хуб гиранд, барои харидани он пули кофӣ надоранд. Дар ояндаи наздик мо бо мошинҳои арзон хайрбод хоҳем гуфт, ҷои онҳоро мошинҳои гаронбаҳо - истеҳсоли пас аз соли 2013 мегиранд. Агар даромади аҳолӣ низ афзоиш наёбад, оянда мошинро на ҳар як кас харида метавонад», - чунин мешуморад ӯ.

Ва ин бисёре харидорони имконпазири мошинро нигарон кардааст.