Шӯрои ҷамъиятии рушди таксӣ ба Шӯрои Федератсияи Русия дар бораи ба муҳлати ду сол ба муҳоҷирон иҷоза додани кор ба сифати ронандаи таксӣ пешниҳод ирсол намуд. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.
Чунин тадбир, ба гуфтаи Шӯрои рушди таксӣ, барои рафъи камбуди ронандагон, ки ба гуфтаи коршиносон, аз 500 ҳазор то 2,5 млн нафарро ташкил медиҳад, кумак мекунад.
«Мо пешниҳод менамоем, ки ба муваққатан дар таксӣ фаъолият намудани муҳоҷирон зери назорати қатъӣ иҷоза дода шавад», - гуфтааст Ирина Зарипова, раиси Шӯро.
Ба гуфтаи ӯ, назорати муассир аз болои ронандагон метавонад тавассути "Страховая телематика" (Телематикаи суғуртавӣ) - дастгоҳи махсусе, ки ширкатҳои суғурта барои сабти параметрҳои ронандагӣ насб мекунанд, таъмин карда шавад.
Тавре ки дар Шӯро хабар додаанд, пешниҳоди иҷозаи ба сифати ронандаи таксӣ кор кардани муҳоҷирон ба муовини аввали раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия Алексей Синитсин фиристода шудааст.
Аввали моҳи декабр ӯ дар як мизи мудаввар бахшида ба мушкилоти таксӣ аз иштирокчиёни ин бозор даъват кард, ки оид ба такмили сиёсати давлатӣ дар бахши таксӣ тавсияҳо таҳия кунанд.
Дар Шӯрои Федератсия пешниҳоди мазкурро то ҳол шарҳ надодаанд.
Айни замон дар Русия ба шаҳрвандони Беларус, Қирғизистон ва дигар кишварҳое, ки дар онҳо забони русӣ мақоми махсус дорад, иҷоза дода мешавад, ки бо шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ҳамчун таксирон кор кунанд.
Ба шаҳрвандони боқимонда кишварҳо лозим аст, ки шаҳодатномаи ронандагии Русияро гиранд.
Дар моҳи ноябр муовини раиси Думаи давлатӣ Пётр Толстой пешниҳод карда буд, ки ба муҳоҷирон аз кишварҳое, ки дар онҳо забони русӣ мақоми давлатӣ надорад, кор дар бахши хидматрасонӣ манъ карда шавад. Аз ҷумла дар бораи кор ба сифати фурӯшанда ё боррасон (курйер) сухан мерафт.
Минтақаҳои Русия метавонанд мустақилона соҳаҳои иқтисодро, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ бо патенти корӣ фаъолият карда метавонанд, маҳдуд кунанд. Чунин маҳдудиятҳо, масалан, дар вилоятҳои Воронеж, Магадан ва Тюмень ва Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск ҷорӣ карда шуданд.