Дирӯз, 7-уми ноябр дар Душанбе Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ бо ҳузури вазири фарҳанг, ҳунармандон, рӯзноманигорон ва ҳаводорони санъати театрӣ таҷлил гардид. “Азия-Плюс” аз ин рухдоди фарҳангӣ гузориш таҳия кард.
Шукӯҳи ҷашни “модари театрҳои тоҷик”
Шукӯҳи Рӯзи театри тоҷик дар ҳар гӯшаи Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ эҳсос мешуд. Садои карнаю сурнай ва сурудҳои дилошӯби ватандӯстӣ то шомгоҳ фазои атрофи театрро фаро гирифта буд. Тамошобинон бо ҳаяҷон ва шавқи зиёд аз намоишҳои ҷолиби дорбозон ва ҳунармандони сирк лаззат мебурданд. Ҳар як баромади онҳо бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пазируфта мешуд ва болидарӯҳ мерақсиданд.
Театрҳои пойтахт - Аҳорун, Ҷавонон, Лухтак, Маяковский ва опера ва балет дирӯз ҳама дар саҳнаи “модари театрҳои тоҷик” ҷамъ омаданд. Ин танҳо ҷашни Театри Лоҳутӣ набуд, балки иди тамоми аҳли ҳунари мамлакат буд.
Барномаи фарҳангӣ бо садои ҳунарманди маҳбуби тоҷик Абдулмуъмин Шарифӣ оғоз ёфт:
Мо зинда бар онем, ки дар саҳна бимонем,
На қисса, на афсона, ҳам инему ҳам онем.
Дар ин мисраъҳо моҳияти ҳунари театр таҷассум ёфта буд - ҳунарманд дар саҳна на нақшофарӣ мекунад, балки ҳамон зиндагии воқеиро нишон медиҳад, ки мо ҳар рӯз шоҳидаш ҳастем.
Зумни суханронии таҳниятии худ вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён гуфт, ки маҳз Театри Лоҳутӣ, ки 7-уми ноябри соли 1929 таъсис ёфта буд, заминагузори дигар театрҳои касбии кишвар гардид. Имрӯз шумораи чунин театрҳо ба 18 расидааст.
“Рисолати санъати театрӣ дар ҳама давру замон ҳамчун пешбарандаи маънавиёти ҷомеа ин буда, ки ҳисси ватанпарастӣ ва зебоипарвариро бедор кунад. Дар марҳилаи кунунии ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, имрӯз театр нақши калидӣ мебозад”, - иброз дошт Матлубахон Сатториён.
Инчунин, ба муносибати Рӯзи театри тоҷик ба як зумра ҳунармандони ҷавон, аз ҷумла ба Акрам Исматов ва Ризо Юсупов аз Театри Лоҳутӣ, Ҷовидон Амиров аз Театри Аҳорун, Қурбоналӣ Шералӣ аз Театри Оина, Эмомалӣ Давлатов ва Рамила Асланова аз Театри опера ва балет нишони Аълочии фарҳанг тақдим гардид.
Хотираҳои ширини “оҳувон”-у “шерони нар”
Дар ин шаби фарҳангӣ як зумра ҳунармандон бо нишони ҳамраъйӣ ва эҳтиром ба ҳама театрҳои кишвар гулдӯзии театрро бароварда, Рӯзи театри тоҷикро дастаҷамъона табрик гуфтанд.
Театри ҷавонон махсус ҳунармандони касбӣ ва солдидаи худ, аз ҷумла Раҷабгул Қосимова, Тағоймурод Розиқов, Шодӣ Солеҳ ва чанде дигарро ба саҳна баровард ва онон бо маҳорати баланд лаҳзаҳои аввалини фаъолияташонро дар Театри Лоҳутӣ ба ёд оварданд.
Ҳикояти Раҷабгул Қосимова аз “оҳу барин паропар” карданаш ва Тағоймурод Розиқов аз “шери нар” барин ба саҳна баромадаш ёдоварӣ карда, ҳарду гуфтанд, ки имрӯз “на аз оҳу нишон монду на аз он шери нар”. Ин саҳна бо хандаи қаҳ-қаҳа ва кафкӯбӣ истиқбол шуд, вале дар пушти ин ҳазлу шӯхиҳо дарёи муҳаббат нисбат ба касби интихобкардаашон эҳсос мешуд.
Ҳунармандони Театри Аҳорун тавонистанд тарзи гуфтор, рафтор ва хислатҳои хоси устодони номии театр - Ҳошим Гадо, Тӯрахон Аҳмадхон ва Бурхвалӣ Ғуломайдаровро моҳирона тақлид кунанд. Ин намоиш на танҳо хандаовар буд, балки эҳтироми амиқ нисбат ба устодонро инъикос мекард.
Саҳифаҳои тиллоии Театри Лоҳутӣ
Қуллаи ин барномаи фарҳангӣ намоиши порчаҳо аз беҳтарин асарҳои саҳнавии театр буд, ки аз ҷониби ҳунармандони Театри Маяковский пешкаш гардид.
Тамошобинон бори дигар лаҳзаҳои нотакрори намоишномаҳои “Исмоили Сомонӣ”, “Фирдавсӣ”, “Раъду барқ”, “Фарёди ишқ”, “Ромео ва Ҷулета”, “Гамлет”, “Эдип”, “Рӯдакӣ” ва “Драмаи миллат”-ро тамошо карданд.
Ин намоишҳо ҳам асарҳои таърихӣ-миллӣ ва ҳам классикаи ҷаҳониро дар бар мегирифтанд, ки дар солҳои гуногун рӯи саҳнаи Театри Лоҳутӣ гузошта шудаанд.
Ҳамин тавр Театри опера ва балет ва Лухтак низ бо сурудҳои таҳниятӣ ба саҳна баромад, ҳампешагони лоҳутӣ ва ҳаводорони театрро муборакбод гуфтанд.
“Ин саҳна не, ин зиндагист”
Ҷашнвора бо суруди рамзноки Абдукарими Машраб, директори Театри Лоҳутӣ, хотима ёфт. Ин суруд, ки номаш “Ин саҳна не, ин зиндагист” аст, моҳияти асосии театрро ифода мекунад - дар саҳна на бозӣ, балки худи ҳаёт инъикос меёбад.
Дебочае аз таърихи театри тоҷик
Ҳамасола 7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад, зеро бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри касбии тоҷик ба фаъолият оғоз намуд.
Ин театри драмавӣ буд, ки дар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутиро гузоштанд. Ба номи устод Лоҳутӣ гузоштани театр низ бесабаб набуд, зеро саҳми Абулқосим Лоҳутӣ дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик бузург буд. Ӯ аввалин адибе буд, ки драмаҳои Шекспирро маҳз барои ба саҳна гузоштан ба забони тоҷикӣ тарҷума кард. Соли 1929 ба театр унвони академӣ ҳам доданд ва кунун Театри академӣ – драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ном дорад.
Дар солҳои баъдӣ театрҳои касбӣ ва халқӣ дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Ҳоло дар кишвар 18 театри касбӣ фаъолият мекунад ва таърихнигорону фарҳангиён бар ин назаранд, ки барои таъсиси дигар театрҳои касбӣ Театри Лоҳутӣ замина гузошт ва аслан ҳунармандони ин театр барои шакл гирифтани дигар театрҳо саҳми бориз гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ бо номи “Парасту”, ки соли 1988 бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи арбобони театрии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад.
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Оғози ҷамъоварии маълумоти биометрӣ. Аз 1 декабр дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург (қисми 2)”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо ва вазъи обуҳаво барои 6 декабри соли 2024
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста