Рӯзҳои истироҳати ҳамин ҳафта обуҳавои софу беғубор дар Тоҷикистон тағйир ёфта, аз рӯзи шанбе боридани борон оғоз мегардад ва минбаъд ба барфи тар мегузарад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла, рӯзҳои 17-18 феврал дар Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳарорат начандон тағйир меёбад:  шабона 6-8 ва рӯзона то 10 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ боридани борону барфи тар, баъзан пуршиддат пешбинӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1 дараҷа хунук ва рӯзона то 4 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, барф меборад, баъзан пуршиддат. Ҳарорат дар водиҳо шабона ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон борон борида, ҳарорат дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо – шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона – 6-11 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боришот (борону барф) дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона – 6-11 дараҷа гарм; дар шарқи вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои 14 то 15 феврал бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат тариқи роҳҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво, гузаронидани корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣдар ҷойҳои хавфнок худдорӣ кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.