Кӯҳнадӯзоне, ки дар даромадгоҳи бозори марказии “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд машғули коранд, ҷойи мувофиқ ва шароити мусоиди корӣ надоранд: дар фасли замистон дар таги барф, баҳор дар зери борон ва тобистон дар гармии тоқатфарсо кор мекунанд.
Ҳанӯз дар нишасти матбуотии соли 2022 раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар посух ба суоли журналистон гуфта буд, ки барои кӯҳнадӯзон ҷойи мувофиқ ҷудо ва шароити корӣ муҳайё мекунанд, вале аз ин ваъда ду сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳолат бетайғир мондааст.
Яке аз кӯҳнадӯзони бозори “Панҷшанбе”, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, 8 сол инҷониб дар ин макон фаъолият дорад, вале шароити кораш бад шудаву беҳ нагардидааст.
Ӯ гуфт, пештар дар кунҷи дигари шаҳр кор мекард, ки мизоҷон бисёр кам буданд.
“Рӯзҳое буд, ки саҳар то бегоҳ ҳамагӣ як ё ду мизоҷ меомад, рӯзҳое буд, ки касе наомад ва бекор мешишастем. Дар ин замона ва нарху навои бозор худаш бо кӯҳнадӯзӣ рӯз бурдан мушкил, аз ин рӯ ба “Панҷшанбе” омадам”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ӯ афзуд, дар ин бозор одам бисёр ва ҳар рӯз ҳадди ақал 10-15 мизоҷ меояд, ки аз ин ҳисоб аз 100 то 150 сомонӣ кор мекунад.
“Аммо хароҷоти ришта, мехчаю клей, роҳхарҷӣ ва хӯроки нисфирӯзиро тарҳ кунем, дар як рӯз тахмин 70 сомонӣ кор мекунам”, - иброз дошт кӯҳнадӯз.
Ба қавли ӯ, вақте кӯҳнадӯзони бозор аз ваъдаи шаҳрдор перомуни ҷои кори мувофиқ огоҳ шуданд, хурсанд гардиданд, вале кай он ваъда таҳаққуқ пайдо мекунад, номаълум мондаву интизориаш тӯл кашидааст.
“Агар раиси шаҳр ба ин ваъда вафо кунад, бисёр хуб мешавад. Зеро шароити мусоид нест, дар фасли замистон дар таги барф, баҳор дар зери борон ва тобистон дар гармии тоқатфарсо кор мекунем, вале то ба кай? Махсусан, боронгариҳои ду моҳи охир ба кори мо таъсири манфии худро расонида истодааст. Дар ин борони шадид ҳеҷ вақт кӯҳнадӯзӣ карда намешавад. Нони мо аз ҳамин ҳисоб аст. Пояфзолҳои кӯҳнаи мардумро намешавад ба хонаат барӣ”, - маҳзунона гуфт кӯҳнадӯз.
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки дар ин робита ба масъулини шаҳрдории Хуҷанд муроҷиат кардаанд, вале то ба ҳол посухе дастрас нагардидааст.
Ӯ илова кард, ки “дар роҳрав кор кардан мушкил шуда истодааст. Ҷой муҳайё шавад, мо ҳам мисли дигар қишри коргар андозро супурда, кор мекунем ва ин орзуи қариб 10-солаи мост”.
Бояд гуфт, ки ҷойи муайян ва шароити хуб надоштани кӯҳнадӯзон ду соли пеш дар нишасти матуботии шаҳрдори Хуҷанд ҳам матраҳ шуда буд.
Он замон Фирдавс Шарифзода дар ҳузури журналистон масъулини идораи меъморӣ ва сохмони шаҳрро супориш дод, ки ин масъаларо омӯзанд ва ба кӯҳнадузон ҷойи мувофиқро муҳайё кунанд.
Шаҳрдори Хуҷанд он вақт гуфта буд, ки омода аст, аз ҳисоби буҷаи шаҳр ба кӯҳнадузон макони ба талабот ҷавобгуй таҳия кунад.
Муроҷиати ахири мо ҳам ба шаҳрдории Хуҷанд бепосух монд ва масъулини ин ниҳод ҳозир нашуданд ба суолҳои мо дар бораи замони бунёди макони махсус барои кӯҳнадӯзон посух диҳанд.