Дар семоҳаи аввали соли 2024 афзоиши назарраси вуруди сайёҳон ба Русия ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи маълумоти дар РБК нашршуда, шумори сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар ба 3,8 млн нафар расидааст, ки 17% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта аст.
Миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бештар ба Русия сафар доштаанд, Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор дошта, давоми моҳҳои январ-марти соли равон 545,3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар рафтаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки дар ин давра 516,3 ҳазор тоҷикистониён ба ин кишвар рафта буданд, зиёдтар мебошад.
Кишвари пешсаф дар ин самт Ӯзбекистон мебошад, ки дар давраи аз моҳи январ то марти соли 2024 сарҳади Русияро 915,6 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар убур кардаанд.
Қвазоқистон бо 674,1 ҳазор сафари шаҳрвандонаш ба Русия мақоми дуюмро ишғол кардааст.
Пас аз Тоҷикистон дар зинаҳои баъдӣ Чин (286,1 ҳазор) ва Қирғизистон (269,6 ҳазор) қарор доранд.
Тавре ки дар нашрия зикр мешавад, сафарҳо ба Русия асосан бо мақсади муҳоҷирати корӣ сурат гирифтаанд.
Шаҳрвандони кишварҳои хориҷи наздик аз қабили Ӯзбекистону Қазоқистон ва Тоҷикистон фаъолона ба шуғл дар иқтисоди Русия, бахусус дар соҳаҳои сохтмону хидматрасонӣ ва бахши кишоварзӣ ҷалб мешаванд.