Рӯзи 24-уми июн 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба Маскав парвоз мекарданд, бо сабаби норӯшан аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шуданд. Ин теъдод тоҷикистониён барои се моҳ аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шуданд. Аммо сабабаш норӯшан аст, фақат кормандони фурудгоҳи Внуково гуфтаанд, ки “шумо барои мо дарди сар ҳастед”. “Азия-Плюс” бо 3 тан аз ин мусофирони ба ватан бозпасгашта ҳамсӯҳбат шуд ва ҷузъиёти рафту баргашти онҳоро пурсид.
Нақли муҳоҷири ба ватан бозпасомада
Шӯҳрат, яке аз он муҳоҷирон, ки як моҳ пеш барои убур намудани сарҳад аз Русия ба Тоҷикистон баргашта буд, қиссаи ин сафарро ба мо гуфт. Субҳи 24-уми июн ҳавопаймои онҳо аз фурудгоҳи Душанбе ба фурудгоҳи Внуково парвоз кард.
Ба қавли Шӯҳрат, баъди фуруд омадани ҳавопаймо яке аз кормандони фурудгоҳ ба назди онҳо омада, бидуни ҳеҷ сабаб ё шарҳе гуфтааст, ки “ҳама аз паси ман биёед”.
Ҳама мусофирони ин хатсайрро ба толори дигари фурудгоҳ бурда ва баъди муддате ҳар яке аз онҳоро ба ҳуҷраҳои алоҳида даъват намуда, пурсиш гузаронидаанд.
Шӯҳрат гуфт, нахуст шиносномаро тафтиш намуда, баъдан ба суолдиҳӣ оғоз кардаанд. Аз онҳо бештар дар бораи суроғаи истиқомат, дар куҷо кору фаъолит кардан пурсон шудаанд.
Пурсише, ки 18 соат давом кард
Шӯҳрат, ки забони русиро хуб балад буд, хеле бо ҷуръатона ва мушахас посух додааст. Ӯ суроғаи истиқомат дар Маскав, ки бо волидонаш зиндагӣ мекунад ва ҷойи кори худро гуфтааст.
Кормандони фурудгоҳ маълумотро ба компютер ворид карда ва гуфтаанд, ки ӯ бо ҳуҷҷатҳояш мушкил надорад ва таъкид доштаанд, ки зиёда аз 10 сол дар Маскав зиндагӣ кардаанд. Баъдан хоҳиш кардаанд, ки каме мунтазир бошад, то ҳама пурсиш карда шаванд ва баъдан сафари худро идома хоҳанд дод.
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки баъди ин ҳарфҳои кормандони фурудгоҳ нисбатан дилаш таскин ёфт, аммо пас аз андак муддат телефони мобилӣ ва рамзи онро талаб намудаанд.
“Ман аз онҳо пурсидам, ки чаро телефони шахсии ман лозим аст? Ба ман аҷиб нигоҳ карданд. Аммо ман чӣ кор карда метавонистам? Рамзи телефонро кушода, дар рӯи мизашон гузоштам”, - ба нақл идома дод Шӯҳрат.
Ӯ афзуд, ки “пурсиш ва санҷиши телефонҳо то соати 3 шаб давом кард. Баъдан диққат додам, ки ба толор танҳо ҷавонон бармегаштанд. Занҳо, кӯдакон ва мардони калонсол барнагаштанд. Ва мо фаҳмидем, ки кори ҷиддие рӯй медиҳад”.
Пас аз чанде ду корманди фурудгоҳ ба назди онҳо омада, телефонҳои онҳоро тақсим кардаанд ва гуфтаанд, ки ба толори интизорӣ раванд.
Ба қавли Шӯҳрат, муҳоҷирон сабаби пурсишро аз ду корманди зани фурудгоҳ, ки онҳоро ҳамкороҳӣ мекарданд, пурсон шуданд, вале онҳо дағалона ҳарф зада, намехостанд, ки вазъиятро мушаххас шарҳ диҳанд.
Дар ниҳоят, яке аз масъулини фурудгоҳи Внуково бидуни шарҳ додани ҳолат ба ҳамаи мусофирони тоҷик гуфтааст, ки “ба шумо ворид шудан ба кишвари мо танҳо ба мӯҳлати се моҳ мамнӯъ шуд, зеро шумо барои мо дарди сар ҳастед”.
“Ҳама дар изтироб буданд. Шумо тасаввур карда наметавонед, ки чашмони ҳама аз сабаби хоб нарафтан ва хеле хаставу асабӣ шудан, сурх шуда буд. 18 соат мунтазири парвоз будем. Гуруснаву хаставу монда гашта будем. Ин гуна муносибат бо муҳоҷирон басо бад ва дилгиркунанда аст. Акнун намедонем, ки чӣ кор кунем”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, танҳо соати 3-и шаб дар толори интизорӣ ба ҷавонҳо хӯрок доданд ва онҳо озурдаҳол хӯрок хӯрда, яке рӯи замин, дигаре рӯи курсӣ хоб рафтанд.
Шӯҳрат 26-уми июн ба Душанбе баргашт ва акнун дар хонаи хешовандонаш зиндагӣ дорад. Ҳоло намедонад, ки се моҳ ба чӣ кор машғул шавад.
Сарнавишти шабеҳи Аҳмад ва Комил
Ин саргузашт бо Аҳмад ва Комил ҳам рӯй дод. Аҳмад ҳам ба мисли Шӯҳрат муваққатӣ ба Душанбе омада буд, то сарҳадро убур кунад ва боз ба Русия баргардад. Аммо ӯро ҳам, новобаста аз он ки солҳо дар Русия умр ба сар бурдаву то ба ҳол қонуншиканӣ накардааст, рӯзи 27-уми июн аз фурудгоҳи Внуково ба Ватан равон карданд.
Комил бошад, ба фарқ аз Шӯҳрат ва Аҳмад, бори нахуст ба Русия сафар мекард. Ин муҳоҷирати ӯ ҳам то фурудгоҳи Внуково давом кард ва ӯ ҳам иҷозаи вуруд ба қаламрави Русияро нагирифту рӯзи 26-уми июн ба ватан бозпас фиристода шуд.
Дар ҳамин ҳол, ин муҳоҷиронро дар фурудгоҳи Душанбе низ қариб як соат боздоштанд, то сабаби роҳ надодан ба Русияро дақиқ кунанд.
Ба кӯдакону пиронсолон мушкил эҷод нашуд
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳафтаи сипаришуда чанде аз кормбарони “Азия-Плюс” перомуни ба муддати се моҳ ихроҷ шудани 80 шаҳрванди Тоҷикистон ба мо иттилоъ дода буданд.
Ба гуфтаи як манбаъ, ҳавопаймо аз Душанбе соати 6-и субҳи 24-уми июн ба фурудгоҳи Внуково нишаста, аммо бо сабабҳои номаълум ворид шудани онҳоро ба қаламрави Русия манъ карданд.
Он вақт гуфта буданд, ки рӯзи 25 июн 40 нафар бозпас ба Тоҷикистон фиристода шуда, боқимонда 40 каси дигар ҳоло ҳам дар фурудгоҳи “Внуково” дар интизории бозпас баргаштан қарор доранд.
“Кормандони фурудгоҳ ба мо гуфтанд, ки дар муддати як-ду рӯз бояд қаламрави Русияро тарк кунем. Сабаби манъи вуруд шарҳ дода нашуда, аммо ба ҳамаи 80 шаҳрванд хабар дода шуд, ки вуруди онҳо ба муҳлати се моҳ манъ шудааст”, - иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.
Дар ҳамин ҳол, манобеи мо таъкид карданд, ки аз 80 муҳоҷири тоҷик ҳеҷ касро ихроҷ накардаанд, танҳо ба муддати се моҳ аз ҳаққи вуруд маҳрум сохтаанд.
Ба гуфтаи манобеъ, ба занону кӯдакон ва мардони калонсол ин мушкил дахл накарда, онҳо бидуни монеа аз назорати марзбонону гумрукчиён гузаштанд.
Ҳамсуҳбати дигари “Азия-Плюс” низ хабар дод, ки боздоштшудагонро намояндагони фурудгоҳ якчанд соат бозпурсӣ намуда, доир ба мақсади сафар саволҳо додаанд ва телефонҳояшонро барои санҷиш гирифтаанд.
Боз як ҷавон, ки волидонаш дар Русия зиндагӣ мекунанд, хабар дод, ки то ҳанӯз дар ҳолати ҳайрат қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳуҷҷатҳои ӯ дуруст буданд ва ӯ расман дар ширкат кор мекард, акнун ӯро метавонанд аз кор озод кунанд.
“Ман чандин бор ба кормандони фурудгоҳ муроҷиат кардам, то ки вазъиятро фаҳмонанд. Яке аз онҳо гуфт, ки “интизор бош, ман пурсида бармегардам”. Баъди чанд дақиқа мард омада гуфт, ки “ҳуҷҷатҳоят ҳеҷ мушкилие надоранд, лекин коре карда наметавонам, зеро “фармон аз боло аст”, - бо таассуф гуфт ӯ.
Мақомоти ду кишвар қазияро шарҳ намедиҳанд
Дар бораи сабаби манъи вуруд ба Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон на ҷониби Тоҷикистону на Русия чизе нагуфтанд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъияти мазкурро ба “Азия-Плюс” шарҳ надоданд.
Бо сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам муяссар нашуд, ки ҳамсӯҳбат шавем, зеро ба зангҳои паёпайи мо касе ҷавоб надод.
Ҷониби Русия ҳам то ба ҳол расман ин қазияро шарҳ надодааст.
Бори дуввум дар як моҳ
Дар моҳи июн ин аввалин манъи вуруди тоҷикистониён пас аз омадан ба Русия нест.
Рӯзи 14-уми июн ба беш аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуково парвоз карда буданд, вуруд манъ шуд. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чанд тан аз онҳо рӯзи 16-уми июн гуфтаанд, ки мақомоти рус онҳоро ҳам “дардисарсоз” барои Русия номидаанд.
Дар миёни ин 30 нафар занону кӯдакон низ буданд.
"Се рӯз қабл бо хатсайри "Сомон-эйр" ва "Уральские авиалинии" омадем. Дар вақти аз нуқтаи марз гузаштан намояндаҳои ФСБ омаданду гуфтанд, ки аз Тоҷикистон ҳастед, шумо ба Русия зарар мерасонед, ба ватанатон баргардед”, - гуфтааст як тан аз муҳоҷирон.
Муҳоҷирон изҳор дошта буданд, ки аз онҳо дар бораи ҳодисаи “Крокус” пурсиданд ва телефонҳояшонро тафтиш кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус” дар охири моҳи марти имсол, ки мақомоти рус ҳамлагаронро шаҳрвандони Тоҷикистон номиданд, фишору азияти муҳоҷирони корӣ дар Русия ба таври назаррас афзоиш ёфт.