Дар аксияҳо зидди пирӯзии Доналд Трамп дар маъракаи интихоботи президенти ИМА ҳазорон амрикоиҳо ба кӯчаҳо баромаданд.

Бино ба маълумоти CNN, дар ин намоишҳои эътирозӣ чандин ҳазор нафар амрикоиҳо ширкат варзида, назди бинои Trump Tower ҳудуди 5 ҳазор нафар эътирозгарон ҷамъ омадаанд.

Гуфта мешавад, чунин намоишҳои эътирозӣ дар Атланта, Остин, Бостон, Чикаго, Денвер, Филаделфия, Портленд, Орегон, Сан-Франсиско, Сиэтл ва Вашингтон низ баргузор шудаанд.

Онҳо бо шиорпароиҳое аз қабили, «Президенти ман нест», «Доналд Трамп бирав!», «Трамп лозим нест, ИМА-и фашистӣ лозим нест», «Ман дар ҳарос зиндагӣ намекунам», «Деворат лозим нест Трамп» ва ғайра эътироз баён кардаанд.

РБК менависад, ин намоишҳо тавассути шабакаи иҷтимоии Facebook созмон дода шуда, барои иштирок дар онҳо беш аз 10 ҳазор нафар омодагӣ изҳор кардаанд.

Чанде аз иштирокчиёни намоишҳо, аксарият зодагони Амрикои Лотинӣ ба CNN изҳор доштаанд, ки баъди интихоби Трамп аз истирдоди наздикони худ нигаронӣ доранд, зеро ӯ дар барномаи пешазинтихоботиаш зикр карда буд, ки алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ чораҳои шадид рӯйи кор мегирад.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи президенти ИМА, ки санаи 8 ноябр доир гардид, номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд. Доналд Трамп президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.