Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нигоҳе ба ҷаҳони муосир: аксҳои ҷопонӣ аз солҳои 1970 то имрӯз» маросими ифтитоҳи намоиши аксҳои суратгирони Ҷопон ба кор шурӯъ кард.

Давоми як ҳафта ҳамаи хоҳишмандон имкон доранд, ки ба ошёнаи 9-уми Китобхонаи миллӣ омада, бо суратҳои 23 нафар аксбардорони Ҷопон аз наздик шинос шаванд. Намоиши суратҳои аксбардорони Ҷопон то 27 декабр идома ёфта, даромад ба он ройгон мебошад.

1/21