Эпидемияи коронавирус бо худ вожаву калимаҳои навро овард, ки як сол қабл онҳо бемаънӣ ба назар мерасиданд. Ковидиот, карантин, зумбомбинг ва маънии дигар калимаҳо дар маводи имрӯзаи мо.
Думскроллинг чист?
Термини думскроллинг аз забони англисӣ (doomscrolling) гирифта шудааст: аз калимаҳои "ҳалокат" (doom) ва "варақгардон" (scrolling). Рӯзномаи “Лос Анҷелес Таймс” думскроллингро "хониши дарозмуддати хабарҳои манфӣ" тавсиф кардааст. Ин неологизм аллакай аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона мавриди истифода қарор дорад. Масалан, хабарнигори Quartz Карен Хо дар Twitter давра ба давра хотиррасон мекунад, ки аз думскроллинг танаффус карда ба хоб равад.
Зумбомбинг
Думскроллинг ягона калимаи наве нест, ки пандемияи коронавирус бо худ овард. Бо сабаби зарурати кор аз хона, барномаи Zoom маъруфият пайдо кард, ки он барои гузаронидани мулоқотҳо, маҷлисҳо ва суҳбатҳо кумак намуд.
Ин талабот ба Zoom шумораи зиёди бадхоҳонро ҷалб кард, ки дидаю дониста ба конфронсҳои одамони дигар пайваст шуда дар эфир маводҳои номуносиб, аз ҷумла наворҳои дорои зӯроварӣ ё порнографияро нишон медиҳанд.
Ин намуди тамасхур "зумбомбинг" номида шуд. Он аз калимаи англисӣ гирифта шудааст, ки номи ширкатро ифода мекунад. Бояд қайд кард, ки “зумбомбинг” дар дигар замимаҳои занги видеоӣ низ метавонад рух диҳад.
Карантинӣ
Дар баробари гӯшанишинӣ ва муоширати видеоӣ, дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон шабнишинии онлайнӣ пайдо шуд. Дар ҳар як иштирокчӣ ғизои худро омода мекунад ва сипас ба сӯҳбати дӯстони худ, ки ин амалро такрор мекарданд, пайваст мешавад. Нӯшокии спиртие, ки дар вақти чунин зиёфат истеъмол мешавад, "карантини" номида мешавад. "Карантини" ин ибораест байни мартини ва карантин. Тибқи маълумоти Urban Dictionary, карантиниро сенариянависони силсилафилми "Клиника" эҷод кардаанд, аммо он танҳо соли 2020 миёни мардум маъруф гашт.
Ковидиот
Инчунин номи дигари коронавирус COVID-19 боиси пайдоиши якчанд неологизмҳои ҳамрешаи худ гашт.
Яке аз онҳо "ковидиот" аст (анг. "Covidiot"). Ин мафҳум ба шахсоне ишора мекунад, ки хавфи коронавирусро нодида гирифта талаботи ҷорӣ ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд.
Covidivorce
Барои онҳое, ки ҳангоми пандемия тасмим гирифтанд, ки аз ҳам ҷудо мешаванд, истилоҳи "ковидиворс" пайдо шуд (анг. Covidivorce). Ин ба шахсоне тааллуқ дорад, ки бо ҳамсафари ҳаётиашон дар фазои маҳдуд наметавонистанд бо ҳам бошанд.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!




Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Муҳсин Муҳаммадиевро дар Лучоб ба хок месупоранд. Ин устураи футболи тоҷик дирӯз даргузашт
Тоҷикистониҳое, ки дар соли 2025 кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 январи соли 2026
Соли нави 2026 муборак, ҳамдиёрони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 январи соли 2026
Бозшавии сарҳад, болоравии маош ва рекордҳои варзишӣ. Хуштарин хабарҳои соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста