ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1925 – Дар ҳайати Тоҷикистони шӯравӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) таъсис дода шуд. Ин вилоят дар шарқи Тоҷикистон, дар кӯҳсори Помир ҷойгир буда, маркази он шаҳри Хоруғ мебошад. ВМКБ 44,5% масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва бо Қирғизистон, Чин ва Афғонистон ҳаммарз аст. Аҳолии вилоят асосан ба забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ (шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ, язғуломӣ, вахӣ, ишкошимӣ) ҳарф мезананд.

Соли 1992 – Дар Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон, ки баъдтар Институти ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ном гирифт, аввалин машғулиятҳо оғоз гардиданд. Ин институт ҳоло бо номи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф аст.

Соли 2010 – Дар ноҳияи Ванҷ заминларзаи шадид бо шиддати 5,1 балл рух дод, ки боиси хисороти ҷиддӣ гардид. Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, хисороти ворида аз ин заминларза зиёда аз 1,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Биноҳои маъмурии идораҳои давлатӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот зарар диданд.

Соли 2019 – Президенти кишвар дар бораи эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фармон ба имзо расонд.


Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”-ро имзо кард. Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки аз хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқие, ки ҳамчун ташкилоти экстремистӣ дар ҷумҳурӣ эътироф шудаанд, даст кашанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1920 – Зодрӯзи Маҳмадулло Холов, собиқ раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони шӯравӣ дар солҳои 1963-1984.

Маҳмадулло Холов яке аз арбобони намоёни давлатӣ ва сиёсӣ дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони шӯравӣ буд. Номи ӯ пеш аз ҳама бо солҳои тӯлонии раҳбарӣ дар мақоми олии давлатии ҷумҳурӣ – Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони шӯравӣ пайванд аст.

Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ, аз соли 1947 фаъолияти ӯ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва сохторҳои ҳизбӣ пайванд гардид. Ӯ зина ба зина дар сохтори ҳизбӣ боло рафта, соли 1954 ба мақоми котиби кумитаи ноҳиявии ҳизб дар Обигарм расид. Баъдан ҳамчун котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияи Москва фаъолият бурд ва соли 1963 раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Куйбишев таъин шуд.

Марҳалаи муҳимтарин дар фаъолияти сиёсии ӯ аз 29 марти соли 1963 оғоз меёбад. Дар ин рӯз Маҳмадулло Холов Раиси Президиуми Совети Олии Тоҷикистони шуравӣ интихоб гардид ва то 17 феврали соли 1984, беш аз бист сол, ин вазифаро ба уҳда дошт.

Ҳамзамон Холов узви Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Солҳои 1966–1971 ӯ дар ҳайати Комиссияи марказии тафтишотии ҲКИШ фаъолият кард ва аз соли 1971 то 1986 номзад ба аъзогии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Холов соли 1989 дар 69-солагӣ даргузашт.

Соли 1930 – Мавлуди Муътабар Иброҳимова, ҳунарпешаи театр ва синамо.

Муътабар Иброҳимова
акс аз кино*театр.ру

Муътабар Иброҳимова дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи Ленинобод фаъолияти кориашро шурӯъ карда, 4 даҳсола онҷо ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар саҳнаи театр дар намоишномаҳои “Равшан ва Зулхумор”, “Фарҳод ва Ширин”, “Пӯлод ва Гулрӯ”, “Гулсара”, “Исёни арӯсон”, “Отелло”, “Рамаяна” нақш офаридааст.

Инчунин дар филмҳои “Вақте ки осиё бозмонд”, “Ғуломони сарсахт”, “Сандуқ барои арӯс”, “Гирдоб”, “Агар дӯст дорӣ” низ нақш иҷро кардааст.

Соли 1940 – Зодрӯзи Сталина Азаматова, устоди санъати балет, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон.

Сталина Азаматова

Вай барои рушди санъати балети тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Ӯ солҳо дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ кард.

Ӯ дар саҳнаи балет нақшҳои Ҷулйетта “Ромео ва Ҷулйетта”, Медора, Жизел дар “Корсар”, “Жизел”, Франческа дар “Франческа да Римини” Клеопатра дар “Шабҳои Миср” ва ғайра. Ҳамчун балетмейстер балетҳои “Писарча ва Карлсон”, “Марги судхӯр”, “Вини Пух ва дигарон”-ро иҷро кардааст.

Сталина Азаматова 17 апрели соли 2020 дар 80-солагӣ даргузашт.

Соли 1942 – Зодрӯзи Нуқра Раҳматова, сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон.

Нуқра Раҳматова

Нуқра Раҳматова зодаи деҳаи Бартанги ноҳияи Рӯшон аст. Ӯ нахуст аъзои дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёна буд. Баъдан дар Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳамчун овозхон ба фаъоляит шуруъ кард. Аз соли 1967 овозхони Ансамбли мақомхонон буд.

Ӯ асосан бо иҷрои сурудҳои лирикӣ дар саҳнаи санъат мақом пайдо кард. Нуқра на танҳо дар Тоҷикистон, инчунин дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ низ маъруф аст.

Нуқра Раҳматова дар филми “Коваи оҳангар” нақши духтари кӯҳсорро иҷро кардааст.

Соли 1950  – Мавлуди Алӣ Барот, нависандаи муосири тоҷик.

Соли 1953 – Мавлуди Абулфайз Атоӣ, рӯзноманигор ва дипломати собиқадор.

Абдулфайз Атоӣ
акс аз саҳифаи фейсбукаш

Ӯ охири моҳи август дар шаҳри Душанбе дар доираи парвандаи чеҳраҳои саршинос ва бо “иттиҳоми хиёнат ба давлат” боздошт гардид. Тибқи иттилои охир, ӯ ба “қаллобӣ” низ гумонзад шудааст. Тибқи иттилои охир, ӯ ба “қаллобӣ” низ гумонзад шудааст.

Абдулфайз Атоӣ барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият (моддаи 306, қисми 1), сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 340, қисми 2) ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 38 (1), қисми 2, банди “б”) гунаҳкор дониста шуда, 17 сол равонаи зиндон шуд.Ҳукми онҳо рӯзи 5-уми феврали соли 2025 эълон гардид.

Соли 1950 – Зодрӯзи Халифабобо Ҳамидов, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон.

Соли 2010 - Фаттоҳ Одина, бастакори тоҷик ва дорандаи ҷоизаи давлати Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ дар синни 72-солагӣ даргузашт.

Фаттоҳ Одина

Фаттоҳ Одина, бастакори барҷастаи тоҷик беш аз 50 сол дар майдони санъат заҳмат кашидааст. Ӯ тавонистааст, мусиқии ҷаҳониро бо оҳангҳои классикӣ ва мардумии тоҷик даромезад ва дарду армони миллат ва ҷомеаро дар оҳангҳояш инъикос кунад.

Ӯ таҳсилро аз омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе шурӯъ намуда, ба консерваторияи Маскав роҳ ёфт. Бо навиштани даҳҳо оҳанг, мусиқӣ барои хор ва фортепиано, асарҳои камеравиву симфонӣ, вокалӣ, оркестри созҳои мардумиву эстрадӣ ва мусиқиҳои дилнишин барои филмҳо ҳамчун эҷодкори барҷаста исми худро дар таърихи санъату мусиқии волои тоҷик сабт намуд.

Ӯ оҳангсози операи “Парасту”, операи бачагонаи “Бузаки ҷингилаппо”, достони “Аҳурамаздо”, таронаҳои “Ватанро месароям”, “Иқболи баланд”, “Бақои дустӣ”, “Ману дарё”, “Тоҷикистон”, “Арӯси 18-сола”, “Аспи саманд”, “Маъвои Роғун”, “Садбарги сафед” ва “Аскарбача” аст.

Соли 2016 – Бароат Хоҷибоева, адабиётшиноси тоҷик дар синни 89-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи фантастикаи илмӣ (Science Fiction Day) ҷашн гирифта мешавад. Осори нависандагони ин жанр, ки дар пардаи синамо рӯйи саҳна меоянд, барои аксарият оғози шиносоӣ бо ҷаҳони фантастикаи илмӣ аст. Ин рӯз баҳонаи хубест, ки асари нав ё қаблан хондашударо ба даст гирифта, худро дар олами он эҳсос кунем.

2-юми январи соли 1959 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин истгоҳи автоматии байнисайёравӣ – “Луна-1” ба фазо партоб гардид. Парвози мушаки 8К72 бо ин истгоҳ дар се зина бидуни мушкил анҷом ёфт.


Пас аз як рӯз бо истифода аз дастгоҳи махсуси зинаи сеюми мушак абри натрий бо вазни 1 килограмм ба фазо бароварда шуд. Ин абр дар тӯли чанд дақиқа аз рӯи Замин ҳамчун ҷирми осмонӣ, монанд ба кометаи дараҷаи шашуми равшании ситоравӣ, мушоҳида гардид.

2-юми январи соли 1939 Луи Дагер,  мусаввири фаронсавӣ нахустин маротиба Моҳро аксбардорӣ кард. Моҳ моҳвораи табиии Замин буда, дар фосилаи миёнаи 384 ҳазору 400 километр аз он қарор дорад ва бо нури офтобе, ки ба сатҳи он бархӯрда бозтоб меёбад, медурахшад.


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5 гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.