То ҷашни иди Наврӯз мактаби мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор мегирад.

Бино ба гуфти раиси шаҳри Қурғонтеппа Шарифхон Самиев, то ҷашни иди Наврӯз сохтмони бинои мактаби мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ ба маблағи беш аз 3 млн. сомонӣ ба анҷом мерасад.

Дар ҳамин маврид сардори идораи фарҳанги вилояти Хатлон Бурҳон Раҷабов изҳор кард, ки баъди ба истифода додани мактаби мусиқии шаҳри Қурғонтеппа тасмим доранд, ки ин мактабро ба коллеҷи мусиқӣ табдил диҳем.

«Мо кайҳо дар андешаи таъсиси як коллеҷи мусиқӣ будем, вале бинои куҳнаи мактаби мусиқӣ ба талаботҳои коллеҷ ҷавобгӯу набуд. Акнун, ки бинои нав сохта мешавад чунин имконият фароҳам омад. Мо аллакай бо вазорати фарҳанги кишвар гуфтушунид кардем ва вазорат моро дар ин самт дастгирӣ мекунад», - илова намуд сардори идораи фарҳанг.