Душанбе. 11-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон барои сайёҳон раводиди нав ҷорӣ карда мешавад.
Тавре муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Лочин Файзуллоев дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, шурӯъ аз 27-уми апрел мувофиқи даъвати ширкатҳои сайёҳии кишвар ба консулгарии ВКХ ва намояндагиҳои ҶТ дар хориҷи кишвар ба сайёҳон раводиди сафар дода мешавад.
Номбурда гуфт, гузашта аз ин, тартиби сабти сайёҳон низ тағйир дода шуда, акнун сайёҳон бидуни қайд то 30 рӯз метавонанд дар Тоҷикистон ба сар баранд. «Қаблан сайёҳон барои фатҳи қуллаи кӯҳ то 6 ҳазор метр 50 $ ва бештар аз он 100 $ маблағ пардохт мекарданд, ки акнун он бекор карда шуд ва аз ин ба баъд пардохти маблағи 1 $ дар як рӯз барои будубош дар Тоҷикистон низ барҳам дода шуд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки иқдомоти мазкур ба сайёҳон ҷиҳати сарфа намудани то 200 $ барои як маротиба сафар ба Тоҷикистон имкон фароҳам хоҳад сохт.
Зикр гардид, ки соли гузашта беш аз 400 ҳзор нафар сайёҳон аз Тоҷикистон боздид карданд.



“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста