Албек Ибраимов, шаҳрдори Бишкек гуфтааст, заминҳое, ки ба вай тааллуқ доранд на дар пойтахти Қирғизистон, балки дар вилояти Чуйи ин кишваранд. Дар ин бора Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи вай, тақрибан ҳамаи 29 қитъаи замини дар эъломия овардааш заминҳои кишоварзианд.

"Ин заминҳо хеле пештар, дар раванди тақсимот ва хусусигардонӣ аз шахсоне, ки мехостанд фурӯшанд, харидорӣ шудаанд", - афзудааст вай.

Хадамоти давлатии кадрии Қирғизистон ахиран эъломияи даромади шаҳрдори Бишкекро нашр кардааст. Бар пояи он, Ибраимов соҳиби 29 қитъаи замин аст, ки ҳар яке аз 1,5 то 7 гектар масоҳат доранд.

Дар ин эъломия ҳамчунин аз даромади 33 миллион сомии (тақрибан 3,3 миллион сомонӣ) Ибраимов хабар дода шудааст. Тойирбек Сарпашов, сардори Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон гуфтааст, ки Ибраимов 12 майи соли 2015 ба Алмосбек Отамбоев, президенти ин кишвар 2,7 гектар заминро бар ивази 33 миллион сом фурӯхтааст.

Қаблан Омурбек Текебоев, раҳбари ҷиноҳи "Ота-Макон" атрофиёни президенти Қирғизистонро ба он айбдор кард, ки қитъаи замини ТНК "Дастан", - воқеъ дар деҳаи Кой-Тошро ғасб кардаанд ва ҳоло дар он барои Отамбоев хона месозанд. Ба гуфтаи Текебоев, ин заминро 7 майи соли 2015 ба исми ҳамсари шаҳрдори Бишкек Айнура Ибраимова ба қайд гирифта, баъдан ба Отамбоев фурӯхтаанд.