Кормандони Бюрои миллии мубориза бо фасоди Қазоқистон дар пайи боздошти Бигелдӣ Габдуллин, сармуҳаррири нашрияи Central Asia Monitor ва муассиси сомонаи Radiotochka.kz коргоҳи расонаҳоро низ дар шаҳри Алмаато мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд.

Бино ба маълумоти сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Radiotochka.kz, кофтукоб дар ғайби вакили дифои расонаҳо оғоз карда шудааст. "Вай баъдан ҳозир шуд ва эътироз баён кард, чун ҳукми бозҷӯӣ ба номи муфаттише имзо шудааст, ки дар чорабиниҳои тафтишот аслан ҳузур надошт", - афзудааст сомона.

Манбаъ гуфтааст, кофтукоби коргоҳи расонаҳо субҳ оғоз шуда, вале як муддат мутаваққиф ва баъдан дубора идома ёфтааст. То замони қатъи бозҷӯӣ ду ноутбуки нашрия мусодира шудааст.

Бюрои мубориза бо фасоди Қазоқистон 15 ноябр хабар дод, ки Бигелдӣ Габдуллин бо айби тамаъҷӯӣ дар Остона боздошт шудааст. Бино ба фарзияи мақомоти зидди фасоди Қазоқистон, рӯзноманигори 61-сола гӯё тавассути расонаҳои зери дасташ зидди мансабдорони давлатӣ ҳамлаи иттилоотӣ ба роҳ монда ва баъдан аз онҳо ба хотири қатъи чунин ҳамлаҳо манфиатҷӯӣ мекардааст.

Кайрат Кожамжаров, раиси Агентии хадамоти давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Қазоқистон дар Остона ба рӯзноманигорон гуфтааст, тафтишот зидди Габдуллин нав оғоз шудааст, аз ин рӯ, наметавонад ҷузъиёти парвандаи ӯро шарҳ диҳад. Ҳанӯз чораи манъи ӯ аз таъсир ба рафти тафтиш интихоб нашудааст.