Ду нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба сифати нозирон дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи Қирғизистон иштирок мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, аъзои КМИР Муҳаммадборон Зоиров ва сармутахассиси КМИР Фирдавс Табаров ба ҳайати нозирон аз кишварҳои узви ИДМ шомил шудаанд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қирғизистон, раъйпурсии қарибулвуқӯъ ба баҳсҳои зиёд дар ҷомеа боис гардида, ҷонибдорони тағйирот бар ин назаранд, ки он ба таҳкими мақоми парлумон равона шудааст, вале ҳарифони онҳо мегӯянд, наздикони гирду атрофи президенти Алмазбек Отамбоев ба ин васила ҳокимияти худро нигоҳ доштанианд.

Раъйдиҳандагон ба саволи «Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ҶҚ», ки Жогорку Кенеш ба раъйдиҳӣ пешниҳод кардааст, қабул шавад?» ҷавоби мусбат ё манфӣ медиҳанд.