Дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ӯзбекистон президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки дар фурсати наздиктарин дар ҷумҳурӣ Консепсияи ислоҳоти маъмурӣ барои солҳои 2017-2021 қабул мешавад, ки ба такмили низоми идоракунии давлатӣ нигаронда мешавад.

Бино ба маълумоти Sputnik Ӯзбекистон, раҳбари кишвари ҳамсоя гуфтааст, дар ин санад оид ба беҳбуди фаъолияти сохтор ва ниҳодҳои идоракунии давлатӣ, кам кардани нақши давлат дар идоракунии иқтисод, коҳиши шумори идораву мансабҳои такроршаванда, такмили кори дастгоҳи президент ва дастгоҳи иҷроияи ҳукумат, таъмини амалисозии пурсамари қонуну қарор ва санадҳои қабулшуда, бунёди низоми самараноки ислоҳоти ниҳоди хизмати давлатӣ,  ба хизмати давлати ҷалб кардани хизматчиёни соҳибтаҷриба ва содиқ ба ватан ва ғайра тадбирҳо андешида шуда, он дар қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» дарҷ меёбад.

Ба гуфтаи Мирзиёев, аз 25 сентябр дар шабакаи интернет қабулгоҳи виртуалии нахуствазири кишвар боз шуда, то ин давра ба он беш аз 218 ҳазор дархосту пешниҳод ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид шудаанд, ки қариб 59% аз масоили дар онҳо зикршуда ҳаллу фасл ва 41%-ашон мавриди баррасӣ қарор доранд.

«Саволе ба миён меояд: чаро мақомоту идора ва роҳбарон дар маҳалҳо саривақт ба ҳалли ин мушкилот расидагӣ карда натавонистанд? Охир дар кишвари мо қонуни ҷудогона «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» амал мекунад. Мутаассифона, назорати иҷрои ин қонун ба ҳоли худ гузошта шудааст», - иброз доштааст ӯ.

Сарвари давлати ҳамсоякишвар таъкид доштааст, ки роҳбарон ва мансабдоронеро, ки талаботҳои ин қонунро иҷро намекунанд, натанҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ, балки ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кардан лозим аст.