Имрӯз, 14 декабр дар шаҳри Тошканд маросими адои савганди президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Ба ин муносибат ҷаласаи муштараки палатаи қонунгузорӣ ва  Сенат Олий Маҷлиси Ӯзбекистон баргузор шуда, дар он Шавкат Мирзиёев ба мардуми кишвар савганди садоқат ёд кард. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

 Дар ҷараёни ҷаласа раиси Комиссияи интихоботи Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов ба Шавкат Мирзиёев шаҳодатномаи дахлдорро супурд.

Сенат ё палатаи болоии порлумони Ӯзбекистон рӯзи 13 декабр истеъфои нахуствазир Шавкат Мирзиёевро пазируфта, ҳамчунин тамоми ҳайати ҳукумат низ ба истеъфо рафт. Дар ин ҷаласа ҳамчунин масъалаи пешбарии номзадии Абдулло Орипов ба мансаби нахуствазири Ӯзбекистон низ баррасӣ хоҳад шуд.

Маъракаи интихоботи пешазмуҳлати президентии Ӯзбекистон санаи 4 декабри соли равон доир гардида, дар он номзад аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо касби 88,61% ё худ 15 млн. 906 ҳазору 724 нафар раъйи интихобкунандагон президенти ин кишвар интихоб шуд.