Кодекси гумруки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)-ро президентҳoи 4 кишвари узв, аз ҷумла роҳбари Қирғизистон имзо карданд. Дар ин бора сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба гуфтаҳои раиси коллегияи комиссияи иқтисодии иттиҳоди мазкур Тигран Саркисян хабар медиҳад.

Пештар аз ин Саркисян гуфта буд, ки дар маросими имзои ҳуҷҷатҳо президенти Қирғизистон кодексро имзо накардааст. "Президентҳои чаҳор кишвар ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо имзо карданд, аз ҷумла Кодекси гумрукро. Аз ҷониби Қирғизистон танҳо изҳорот дар бораи ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имзо нашудааст", - афзудааст Саркисян.

Гуфта мешавад, Кодекси нав кодексеро, ки соли 2009 қабул шуда буд, иваз мекунад. Ин ҳуҷҷат барои гузаштан ба танзими ягонаи гумрукӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даъват мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар кодекси нав, ки давоми се сол омода шудааст, навъи иттилоърасонӣ дар бораи амалиёти гумрукӣ, содасозии тиҷорат, кам кардани ҳуҷҷатгузорӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.