Дар боғи Навоии шаҳри Оши Қирғизистон занҷири чархофалак (карусел) канда шуда, даҳ нафарро бистарӣ кард.

Бино ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, ин ҳодиса шоми рӯзи 14 май ба вуқӯъ пайваста, дар паи он зиёда аз 10 нафар захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи канда шудани занҷираи карусел чор нафар дар табобатхона бистарӣ гардида ва як кас дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.

Ҳангоми канда шудани занҷира дар карусел зиёда аз 10 нафар, аз ҷумла кӯдакон қарор доштанд. Бино ба додаҳои расонаҳои маҳаллӣ шаш нафар дар паи бардоштани ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ гардида, ҳолати яке аз беморон — зани соли таваллудаш 1980 вазнин арзёбӣ мешавад.