Дар шабакаи Интернет наворе нашр шуд, ки дар он афроди бидуни қайду ҷойи зист (бомж), ки дар давраи баргузории намоиши байнулмилалии «ЭКСПО-2017» аз пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона хориҷ шудаанд, намоиш дода мешавад. Angeff Evich ин сабтро дар саҳифаи худ дар Facebook гузоштааст.

Хабаргузории Лента.ру менависад, дар навор дида мешавад, ки як қатори одамон дар канори роҳ қарор дошта, назди онҳо кормандони пулис истодаанд.

«Ин одамонро ба берун аз ҳудуди шаҳри Остона бароварда, шояд ба вилояти Қустанай бурдаанд, - қайд мекунад блогернавис. - Миёни онҳо ман ҳатто маъберо бо асо мебинам, ана ҳамин тавр онҳо бо одамон ба мисли партов муносибат мекунанд».

Мақомоти расмӣ доир ба дарвоқеъ шахсони бидуни қайду ҷойи зист будани ин афрод ва баровардани онҳо берун аз қаламрави шаҳр ҳеҷ шарҳе надодаанд. Ҳамчунин ВАО ва блогернависон низ дар навор намоиш додани маҳз чунин ҳодисаро тасдиқ накардаанд.

Бино ба маълумоти нашрияи «Устинка плюс», дар департаменти корҳои дохилии Остона изҳор доштаанд, ки сабти мазкурро шарҳ дода наметавонанд ва тавсия додаанд, ки ба минтақае муроҷиат шавад, ки навор дар он ҷо сабт шудааст. Тибқи маълумоти мақомоти пулис, шахсони бидуни ҷойи зистро «ба маркази мутобиқгардонӣ оварда, шахсияташонро муайян ва ба хешовандонашон супурдаанд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10 июн дар пойтахти Қазоқистон намоиши байнулмилалии «ЭСКПО-2017» ифтитоҳ гардида, кори он то 10 сентябр идома меёбад.