Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки Гулнора Каримова – духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов боздошт шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба "Интерфакс", зидди Каримова бо бандҳои "қаллобӣ", "пинҳон кардани асъори хориҷӣ", "нақзи қонунҳои гумрукӣ" ва "қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ" парванда боз шудааст.

Моҳи августи соли 2015 додгоҳи вилояти Тошканд духтари калонии Каримовро дар саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳви асноди ширкатҳои офшорӣ айбдор ва 5 сол озодиашро маҳдуд кард.

Каримова пештар дар Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон кор мекард ва бо соҳибкорӣ низ машғул буд. Ӯ яке аз бонуфузтарин занҳои Осиёи Марказӣ шумурда мешуд.

Дар як қатор кишварҳои дунё зидди ӯ бо гумони фасодкорӣ санҷишҳо оғоз шуда, соли 2012 мақомоти Ӯзбекистон чанд телевизион ва радиои марбут ба ширкати ӯро бастанд.

Гуфта мешавад, арзиши умумии зиёни расонида аз ҷониби ӯ ва ҳаммаслаконаш мутобиқи ду моддаи айбдорӣ 1,270 трлн. сӯм (арзи миллӣ), $1,651 млрд и €21,6 млн. арзёбӣ шудааст.

Зикр мегардад, ки дороиҳои ин гурӯҳи ҷиноятпешаро ҳукуматдорони Ӯзбекистон дар 12 кишвари дунё, аз ҷумла Русия низ ошкор карда, маблағи умумии он ба $1,394 млрд., €63,5 млрд, £27 млн. ва 18,5 млн. франки швейтсарӣ мерасад.