Дар пойтахти Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд имрӯз конфронси 19-уми васоити ахбори умуми Осиёи Марказӣ «Журналистикаи кушод дар Осиёи Марказӣ» ба кор шурӯъ кард.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи конфронс Маттайс Берман, сармушовири Дафтари намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО изҳор намуд, ки баргузории ин чорабинӣ дар Ӯзбекистон гувоҳи вазъи кушоди гуногунандешӣ (плюрализм) аст, ки аз ҷониби ҳукумати ин кишвар дастгирӣ мешавад.

Ба гуфтаи муовини раиси парлумони Ӯзбекистон Сарвар Отамуродов, мавзӯи чорабинии имрӯза ба рӯҳияи ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, мутобиқ аст. «Ҳеҷ кас дигаргуниҳои мусбат ба таъмини озодии баён дар Ӯзбекистон тайи соли ахирро инкор карда наметавонад», - иброз дошт ӯ.

Дар оғози вохӯрӣ ҳамчунин зикр гардид, ки таъмини амният набояд озодии суханро халалдор созад ва сиёсате, ки ба мубориза бо иттиллоти бардурӯғ ва таблиғотӣ равона шудааст, набояд дар заминаи сензура роҳандозӣ шавад. «Озодии ВАО - фазои демократия ва танҳо гуногунандешиву интиқод муҳаррики рушд аст», - қайд шуд дар вохӯрӣ.

Қобили зикр аст, ки конфронс муддати ду рӯз идома ёфта, ба он коршиносон, намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, ВАО-и Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон даъват шудаанд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон намояндагони як қатор созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Интернюс низ ҳузур доранд, ки замоне дафтари кории он дар Ӯзбекистон баста шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.