Кумитаи рушди туризми Ӯзбекистон хабар дод, ки аз ин ба баъд дар тамоми меҳмонхонаҳои ин кишвар китобҳои динӣ, аз ҷумла Қуръон ва ҷойнамоз гузошта мешаванд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, дар меҳмонхонаҳо ҳамчунин аломатҳои махсус мегузоранд, ки ба муштариён самти Каъбаро нишон диҳад. Қаблан дар Ӯзбекистон истифодаи баландгӯ барои хондани азонро иҷозат дода буданд.

Кумита гуфтааст, аз 1 январ тамоми меҳмонхонаҳои ин кишвар бо китобҳо ва лавозимоти дигари мазҳабӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда,  ҳадафи чунин тасмим фароҳам овардани шароити иборат барои меҳмонони хориҷиест, ки аз Узбекистон боздид мекунанд.

Аз ҷумла бояд дар ҳар меҳмонхона китоби Қуръон ва ҷойнамоз ва ҳамчунин аломатҳое, ки самти Қибларо нишон бидиҳанд, гузошта хоҳанд шуд.

Намояндаи кумитаи туризми Ӯзбекистон гуфт, барои меҳмононе, ки пайрави динҳои дигаранд, дар меҳмонхонаҳои ин кишвар ҳамчунин китобҳои Инҷил ва Таврот ҳам гузошта мешаванд: "Ин як таҷрибаи маъмули байналмилалист. Дар бисёре аз меҳмонхонаҳо дар хориҷа ба меҳмонон шароити адои ибодат фароҳам сохта мешавад. Дар Аврупо, барои мисол, дар тақрибан ҳамаи меҳмонхонаҳо китоби Инҷил ҳаст. Мо ҳам хостем, ки меҳмонони Узбекистон, онҳое ки диндоранд, шароити ибодат ба Худо дар меҳмонхонаҳоро дошта бошанд.”

Ҳафтае пеш ширкати ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” хабар дода буд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Тошканд намозхона кушодаанд. Ҳамчунин барои мусофирони мусалмон дар фурудгоҳи Тошканд шароити таҳорат карданро фароҳам овардаанд.

Бо онки Қонуни асосии Ӯзбекистон озодии динро кафолат медиҳад, ин кишвар дар аҳди раҳбарии Ислом Каримов бо сиёсати саркӯбгароёнааш нисбат ба дин бадном шуда буд.

Баъди вафоти Ислом Каримов дар соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев ин сиёсати саркӯбгароёна нисбат ба озодиҳои динӣ ва диндорон дар Ӯзбекистон мавриди бозбинӣ қарор гирифт.