Сафари ҳунарии муштараки сарояндаи маъруфи ӯзбек Юлдуз Усмонова ва ҳаҷвнигори шинохта Обид Асомов ба шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон муваққатан қатъ шуда, барномаҳои эхълоншудаи консертии онҳо дар шаҳрҳои Намангону Бекобод ба таъхир афтоданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндагони Усмонова гуфтаанд, дар ҷараёни консертҳои гузашта чанд кас беҳуш ва ба беморхона интиқол дода шуд. Бинобар ин, созмондиҳандагон маҷбур шуданд, консертҳоро ба таъхир гузоранд ва сокинони Намангон, ки 22 июл барои тамошои консерт омада буданд, ба хонаҳояшон баргаштанд.
“Тайи чанд моҳи ахир дар бораи консерти Усмонова огаҳӣ доданд. Вале консерти ӯ бо сабабҳои номаълум баргузор нашуд. Усмонова намангониҳоро фиреб дод. То ҳол пули билетҳоро барнагардонданд. Занони пиронсолу кӯдакон бо вуҷуди гармии 40-45-дараҷаӣ омада буданд. Аз Усмонова талаб дорем, ки аз сокинони Намангон узр пурсида, пули билетҳоро баргардонад”, - омадааст дар номаи як гуруҳи сокинони Намангон, ки нусхааш ба дасти Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ расидааст.
Сафари ҳунарии Юлдуз Усмонова ба шаҳру навоҳии Ӯзбекистон 8 июл оғоз шуда буд. Дар ин сафарҳо ҳаҷвнигори маъруфи ӯзбек Обид Асомов низ Усмоноваро ҳамроҳӣ мекард. Қарор буд, Усмонова 22 июл дар Намангон ва 23 июл дар Бекобод консерт диҳад.
Сухангӯи иттиҳодияи “Ӯзбекконсерт” хабари ба таъхир афтодани барномаҳои консертии Усмоноваро ба далели гармои шадид тасдиқ кардааст.
Барномаҳои консертии Усмонова дар Намангон ва рӯзи баъдаш дар Бекобод ба таъхир афтоданд. Созмондиҳандагон мегӯянд омодаанд, пули онҳоеро, ки ин таъхирро қабул надоранд, баргардонанд.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста