Дар пойтахти Ӯзбекистон сарони кишварҳои минтақа дар вазъи ғайрирасмӣ оид ба масоили рӯзмарраи Осиёи Марказӣ табодули назар мекунанд.
Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми ноябр ба Тошканд барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сафар мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон хабар дод.
Рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангу маориф ва ғайра аз ҷумлаи масоили рӯзномаи нишаст мебошанд.
Сарони кишварҳо роҷеъ ба масоили таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ноил гардидан ба созиш дар Афғонистон табодули афкор мекунанд.
Манбаъ ёдрас кард, ки баргузории нишасти дуюми ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақа нахуст рӯзи 12-уми апрел дар Тошканд пешбинӣ гардида буд, аммо бо мувофиқаи худи президентҳо ба таъхир гузошта шуд.
Қобили зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чунин шакл аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо моҳи марти соли 2018 дар Остона пешниҳод гардида буд. Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд ҷамъ шаванд.
Дар мулоқоти аввалини машваратӣ, ки 15-уми марти соли 2018 дар Остона баргузор шуд, роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Маҷлиси Туркманистон Акҷа Нурбердиев иштирок карда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста