Дар Ӯзбекистон истифода аз технологияи муосир барои бордоркунии сунъиро иҷозат доданд. Дар ин бора дар қонун “Оид ба саломатии репродуктивии шаҳрвандон”, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 март имзо кард, зикр гардидааст. Қонуни мазкур 12 март дар матбуоти расмӣ интишор ёфт, менависад CA-NEWS.
Гуфта мешавад, ки аз 10 то 15 дарсади занону мардони дунё аз безурриётӣ ранҷ мебаранд.
Тибки натиҷаҳои таҳқиқоти дар Ӯзбекистон гузаронида шуда, ҳудуди 4,9% - 5,3 дарсади занҳои ин кишвар аз безурриётӣ ранҷ мебаранд. Ҳадафи таҳияи қонуни мазкур таъмини ҳуқуқи занон ба модар шудан аст, менависад ин расона.
Бино ба маълумоти ВАО-и маҳаллӣ, имрӯз дар Ӯзбекистон 25 ҳазор зан ва 7 ҳазор мард бо ташхиси “безурриётӣ” зери назорати табибон қарор доранд.
Аз сабаби он ки дар Ӯзбекистон то ин замон бордоркунии сунъӣ манъ гардида буд, оилаҳои ӯзбеки хоҳиши бордоркунии сунъӣ дошта, дар беморхонаҳои кишварҳои хориҷӣ – Қазоқистон, Туркия, Русия, Исроил бо арзиши аз 3 то 15 ҳазор доллар амалиёти бордоркуниро мегузарониданд.
Дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки ЭКО қонунан иҷозат дода шудааст.
Соли 2010 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ба занҳо ҳуқуқи гузаронидани амалиёти бордоркунии сунъӣ дода шуд.
Соли 2013 Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи бордоркунии сунъии тоҷикону мусулмон фатво содир намуд.
Тибқи ин фатвои Маркази исломӣ, сокинони мусулмони кишвар дар сурате метавонанд аз амалиёти бордоркунии сунъӣ истифода намоянд, ки никоҳи расмӣ дошта бошанд. Дар ин сурат, зан метавонад танҳо аз нутфаи шавҳари худ истифода намояд ва мард ҳуқуқ надорад аз зани дигар ба таври сунъӣ фарзанддор шавад.
Дар сурати риоя нашудани ин талабот, фарзанди таваллудшуда ғайриникоҳӣ ё намашруъ ҳисобида мешавад. Агар марду зан ин талаботро риоя карда натавонанд, беҳтар аст кӯдакеро ба фарзандхонӣ қабул кунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2013 дар Тоҷикистон аввалин дугоник бо роҳи бордоркунии сунъӣ ба дунё омад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста